25.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Ҳамсари шоистаи шавҳари арзишманд

Дар тӯли он муддате, ки Умаралӣ Қувватов дар маҳкамаи тафтишотии шаҳри Дубай буд, ҳамсараш Қумриниссо Ҳафизова, зани ҷасур ва мубориз, барои озодии шавҳараш мубориза мебурд. Ҳамроҳи панҷ тифли ба балоғат норасидааш дар Русия, ӯ тавонист корҳои шавҳарашро ба пеш барад ва ҳамзамон боз барои озодияш талошҳо кунад. Ӯ бо рӯзноманигорон муошират мекард ва барои бегуноҳии шавҳараш пофишорӣ менамуд. Дари тамоми ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатиро кӯфта, ба ташкилотҳои олии гуногун нома равон мекард. Ниҳоят дар охир бо ҳама кӯшишу талошҳояш бегуноҳии Қувватовро дар рафти суд, дар Иморатҳои Муттаҳидаи Араб исбот намуда, шавҳарашро натанҳо аз интиқол ба Тоҷикистон наҷот дод, балки тавонист ӯро озод кунад. Қумриниссо Ҳафизова дар мусоҳибаҳояш бо рӯзноманигорон ҳамеша мегуфт, ки Қувватов аз нақшаҳояш ба ӯ намегуфт ва ӯ низ ба тарбияи фарзандонаш машғул буд. Вале дар дақиқаҳои душвор ин зани ҷасур тавонист ҳама тобиш ва корҳои шавҳарашро сарфаҳм рафта аз худ кунад, ва ба озодии Умаралӣ Қувватов ноил гардад. “Агар ба чунин зан иқтисоди Тоҷикистонро боварӣ мекарданд, ӯ дар кӯтоҳтарин муддат ба натиҷаҳое ноил мегашт, ки ҳамаи вазирони Раҳмонов дар даҳсолаи охир нарасиданд.

Гурӯҳи 24

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза