Дуруд ҳамватанони азизу гиромӣ!
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки аз санаи 24-уми моҳи апрели соли ҷорӣ, канали ютюбии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар сомонаи ютуб таҳти ҳамлаи хакерҳо қарор гирифта, боиси он гашт, ки барномаҳои ҳаракат дар дигар каналҳои ҳаракат нашр шаванд.
Хушбахтона, баъд аз талоши зиёд, мо тавонистем, ки дубора канали ютубии ҳаракатро барқарор кунем ва шурӯъ аз имрӯз, барномаҳои расмии ҳаракат дар ин канал нашру пахш хоҳанд шуд.
Аз тамоми азизон барои наворҳое, ки аз ҷониби ҳамлагарон нашру пахш шуда буд, узр мехоҳем.
Мо мутмаинем, ки дар пушти ин ҳамлаи хакерӣ ҳукумати худкомаи Раҳмонов қарор дорад, то садди роҳи расонидани ҳақ ба мардуми кишвар бошад. Онҳо ҳамеша талош мекунанд, ки садои мазлумин шунида нашавад ва мардум ҳамеша дар ғафлат қарор дошта бошанду ҳукумати Раҳмонов бо зулму ситами худ идома диҳад.
Пешопеш аз якояки шумо барои кӯмакҳо ва дуоҳоятон сипосгузорем!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.