19.1 C
Dushanbe
05.05.2024

Қудуми Моҳи шарифи Рамазон бар мусалмонони ҷаҳон ва Тоҷикистон муборак!


Қудуми Моҳи шарифи Рамазон бар мусалмонони ҷаҳон ва Тоҷикистон муборак! 

Моҳи шарифи Рамазон, моҳи нузули Қуръони Карим, моҳи парҳезгорӣ, тақво ва хайру саховат фаро мерасад. Дар ин моҳи бузург тамоми мусалмонон мекушанд ба сӯи ибодатгоҳ ва масоҷид, инчунин дар хайру саховат ва ифторҳои худ сабқат дар ибодот кунанд ва чизеоо ҳадя намояду чизе ҳадя гирад. Имрӯз ба муссалмони Тоҷикистон ва бурунмарзӣ моҳи Рамазон дар таърихи 11 марти соли ҷорӣ оғоз меёбад. Тамоми мусулмонони ҷаҳон ин моҳи ҷамъоварии ибодот, таҷдиди рӯҳу имон ва дуоро эҳтироми хос доранд. Дар ин моҳ мусалмонон аз субҳ то шом аз хурдану ошомидан ва хонадорӣ бо ҳамсари худ парҳез мееунанд, Қуръони карим мехонанд ва ба корҳои хайр даст мезананд. 

Дар ин моҳи бузург месазад, ки ҳар яки мо дар бораи неъматҳои ба мо додашуда андеша карда, ба хислату рафтору кирдори худ баҳо диҳем ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба халқу кишварамон дуои хайр бикунем. Худованди мутаол аз ҳар яки мо рози бошад ва дуохоямонро бишнаваду ба даргоҳаш қабул гардонад. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” тамоми мусалмонони ҷаҳон билхусус мусалмонони ватанамонро бо фарорасии моҳи шариф табрик мегӯяд. Ва дуогуи оне ҳаст, ки ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ ва ободӣ ва ба ҳар як тоҷикистонӣ аз зулм озодиро таманно дорад. Моҳи шарифи Рамазон муборак! 

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза