28.1 C
Dushanbe
16.05.2024

Фоҷиаи ҳалокати модар бо се фарзанди ноболиғаш бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштсанг

Фоҷиаи ҳалокати модар бо се фарзанди ноболиғаш бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштсанг.

18 феврал дар маҳаллаи Тухтақули шаҳри Исфара бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштсанг як зан бо се фарзандаш ба ҳалокат расиданд. Ин фоҷиа пас аз он рух медиҳад, ки хонаводаи сокини маҳаллаи Тухтақули шаҳри Исфара Муслиҳиддин аз сабаби бебарқӣ ва сардии ҳаво хостанд хонаро бо ангиштсанг гарм кунанд. Дар натиҷаи масмумият аз дуди ангиштсанг се кӯдак, писарон 12 солаю 6 сола ва духтари 10 сола ҷони худро аз даст доданд ва модарашон бошад рӯзи 20 дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон мардум дар фасли зимистон аз сабаби бебарқӣ бо мақсади гарм кардани хона аз дуди ангиштсанг заҳролуд шуда, ба ҳалокат мерасанд. Дар солҳои гузашта низ мо борҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳо будем. Режими диктатории Раҳмонов солҳост, ки ба мардум ваъдаи истиқлолияти энергетикӣ медиҳад ва ваъдахилофӣ мекунад. Ҳанӯз соли 2007 ҳангоми ба мардум фурӯхтани саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқии обии Роғун Раҳмонов ваъда дода буд, ки соли 2012 Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ мерасад ва мардум пурра дар чор фасли сол бо барқ таъмин хоҳад шуд. Вале Раҳмонов чун ҳамеша ба ваъдаи худ вафо накард ва сохтмони Нерӯгоҳи Роғун то ба имрӯз идома дорад.

Инчунин Раҳмонов соли 2016 дар Паёми солонаи худ боз эълон кард, ки пас аз се сол Тоҷикистон аҳолии худро пурра дар чор фасли сол аз нерӯи барқ таъмин хоҳад кард, вале ин бор ҳам Раҳмонов дурӯғ гуфт ва аз ин дурӯғ шарм надошт. Зеро ӯ 30 сол аст, ки ба мардум дурӯғ мегӯяд ва ба дурӯғгӯӣ одат кардааст.  Мардум бошанд,  медонанд, ки барои Раҳмонов ва режими фасодзадаи ӯ дурӯғ гуфтан як амали муқаррарист. Ҳамагон хуб медонанд, ки Раҳмонов барои пур кардани ҷайби худ нерӯи барқро ба ҳамсоякишварҳо мефурӯшад. Тибқи маълумотҳои расмӣ танҳо
дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содир шуд. Пас аз рӯи кор омадани Ҳукумати Толибон Тоҷикистон судури нерӯи барқро ба Афғонистон афзоиш дод.

Ин амали Раҳмонов, ки хиёнат ба мардум ва Ватан аст, дар ҳолест, ки аҳолии Тоҷикистон дар фасли зимистон аз камбуди барқ азият мекашанд ва аз сармохурдагӣ ва заҳролудшавӣ аз гази ангиштсанг ба ҳалокат мерасанд, вале Раҳмонов танҳо дар фикри афзун намудани сарвати худ ва хонаводаи худаш аст. 

Раҳмонов дар зарфи беш аз сӣ сол ҳеҷгоҳ дар фикри рифоҳ ва осоиши мардум набуд ва ӯ барои расидан ба аҳдофи ғаразноки худ аз таъқибу зиндонӣ кардан ва қатли мардум зинҳор рӯ наметобад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба пайвандону наздикони ҷонбохтагони ин фоҷиа таслият арз мекунад. Ва ба Падарашон, ки 3 фарзанд ва ҳамсари худро аз даст додааст, сабри ҷамил хоҳонаст. Ва дуогуи он аст, ки тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гарданд. Омин.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза