6.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Сохтаном

Боваркунонидан ва фаҳмондадодан, беҳтар аст аз маҷбуркунонидан! Роҳбарӣ кардан беҳтар аст аз фармонравоӣ кардан – ин аст санъати волотарин. (Шарль Монтескьё)

Рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон қонун дар бораи пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат қабул карда шуд. Дар асоси ин қонун дар мамлакат фонд, ҷоиза, ва нишони сарисинагӣ ба номи пешвои миллат пешниҳод карда мешавад. Дар асоси ин қонун, ба президенти Тоҷикистон ва авлоди вай масуинят ва дахлнопазирӣ кафолат дода мешавад. Аз он ҷумла, молу мулки президент ҳам аз руи ин қонун дахлнопазир аст. Дар ҳолати ба нафақа ё истеъфо баромаданаш, президент бо нафақаи якумрӣ, нигоҳубинии тиббӣ, манзил, нақлиёт ва амният пурра таъмин карда мешавад. Вай ҳамчунин метавонад дар чорабиниҳои давлатӣ ва оммавӣ ширкат варзад ва ба мардум муроҷиат кунад.

Вале муҳимтар аз ҳама ин аст, ки қонуни нав Раҳмонро ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдат муаррифӣ мекунад. Бале, муассиси сулҳу ваҳдат?!, не-ҳаргиз! Биёед пардаи чашмонамонро боз кунему ба ёд биёрем,ки чӣ гуна ин ,,ПЕШВОИ МИЛЛАТ,, бар сари қудрат омада расид? На он қадар соле пеш, дар соли 1992, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангак Сафаров, қумандони фронти миллӣ, ҷинояткори пуртаҷрибаи 23-сол зиндониро дошта, ба Сарраёсати Асосии Ҷустуҷуии Русия (ГРУ), пешниҳод карда буд. Дар он шабу рузҳо, Э.Рахмон ба ҳайси як раиси савхоз фаъолият мекард,ки у аслан як фарди ба мардум ношинос буд ва номзадиаш барои ба номзад ба президентӣ низ хандаовар буд. Ана аз ҳамин хотир буд,ки ду-се ҳафта пеш аз маъракаи интихоботӣ, Э.Раҳмон раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб таъин карда шуд. Дар баробари ин, садоқатмандии Раҳмонро нисбати Сангак Сафаров бояд ба назар гирифт. Сипас, бо истифода аз дастгирии Маскав ва Тошканд, Раҳмон бо аслиҳа ва хунрезӣ ба сари қудрат омад. У баъди ба қудрат омаданаш, бо дасти касофатзадааш ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ кушта аз байн бурд.

Бояд қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҳеҷ гоҳ дар қабул намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок надошта буд. Ӯ дар соли 1992 ба сари қудрат омад. Аммо санади оиди истиқлолияти кишвари мо дар соли 1991, аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов ба имзо расид. Аммо мутаасифона, баъд аз имзои ин санад, Қадриддин Аслоновро ба як зудӣ ва бо як хорӣ намояндагони Раҳмонов куштанд. Бо вуҷуди ин ҳама, савол ба миён меояд,ки чаро то имруз дар Тоҷикистон ягон дафъа аз ҳуҷҷате, ки Аслонов ба имзо расонид, зикр карда намешавад ва ё ба ёд оварда намешавад?! Ва ба кадом хотир, ба сари насли наврас ва ба зеҳну мафкураи тамоми мардуми Тоҷикистон маҷбуран ҷо кардаистодаанд,ки кафили асосӣ ва ягонаи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон Э.Раҳмон аст?!

Ҷавоб чунин аст, ки худи ҳамин Э.Раҳмони қотилу одамкуш ва сохтаноми яқин, тамоми дастовардҳои бофтаю сохтаи набударо ба номи худ навишта мекунад, токи мардум уро ҳамчун кафили асосӣ ва ягонаи сулҳу ваҳдат эътироф кунад! У нисбати тамоми шартномаҳое,ки оид ба бастани созишнома дар Тоҷикистон имзо монда буд, лағв ва хиёнат кард!

Имрузҳо Э.Раҳмон бо роҳҳои ивазкунии таърих, ва ивазкунии қонунҳо кушиш мекунад,ки дар худ обрую симои хуб ва чеҳраи ғамхори миллатро дастрас кунад. Ҳадафи асосии у аз ин иборат аст,ки дастовардҳои бофтаю сохтаи набудаашро насли наврас маҷбуран бовар кунад ва ҳар чизе,ки имруз Тоҷикистон дорад, гуё ҳаммааш аз маҳсули дасти Раҳмон аст!Бояд мардум то охари умраш,уро ибодат кунанд! Эҳтимол шояд баъзеҳо ҳоло бо ман рози намешаванд? Пас биёед як фикру мулоҳиза кунем,ки агар ҳукумати худкомаи Раҳмон хубу беҳтарин бошад, ва худи у ягона ва такрорнашаванда ,,Пешвои миллат,, бошад, ва шабу руз дар фикру ғами миллат бошад, пас чаро садҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мову шумо имруз ғайриқонунӣ зиндониянд ?! Чаро имруз миллионҳо ҳамватанони мо ба Русия ё Аврупо фирор мекунанд?! Чаро дар Тоҷикистони азизи мо фисқу фасодкорӣ, порахурию қонуншиканӣ, фавти бемаҳали кудакон дар сатҳи баландтарин аст?! Чаро мардуми мо дар ватани худ фақат вуҷуд доранду зиндагӣ надоранд?! Ҳар қадаре,ки Э. Раҳмон ҳаракат кунад симои худро дар назди мардум ҳамчун ғамхори ягонаи миллат нишон диҳад, ҳар қадаре,ки қонун дар бораи ,,Пешвои миллат,,-ро ивазу дигаргун созад, вале баръало маълум аст,ки вай дар идора кардани давлат салоҳиятдор нест!

Агар дар Тоҷикистон ҳукумронии чунин ,,пешвои миллат,, идома ёбад, пас яқин донем, ки у барои мардуми Тоҷикистон, бағайр аз ғуломиву хориву зорӣ, бадбахтию бечорагӣ, аламзадагию бебарорӣ дигар чизеро намеорад! Дар ҳолати надонистани он,ки дар идоракунии давлат чӣ чизҳо аввалиндараҷа ҳастанду ва чӣ чизҳо дувуминдараҷа мебошанд, мардум бетолеъу бадбахт мегардаду давлат ба нобудӣ маҳкум мешавад ! Чунин ҳолати надонистанӣ, ба он бурда мерасонад, ки ҳар як амали ҳукумат ба нокомӣ мерасад, ҳоким кару куру нобино мегардад, мансабдор -фитнаангезу балвогар мегардад, олимон бошанд сафсатагую ҳарзагу, бемантиқу беҳудагу мешаванд! Истеъдоду санъати ҳукумат дар идоракунии оқилонаи кишвар, иборат аз бартараф намудани мушкилотҳо мебошад, то он замоне,ки он мушкилотҳо бартарафнашаванда нагарданд!

Зуҳро Аҳмадӣ – бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза