11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб. Чаро Раҳмонов аз ҳиҷоб бадаш меояд?

Аз  соли 2013 инҷониб  дар саросари ҷаҳон 1 феврал ҳамчун  Рӯзи ҳиҷоб ҷашн гирифта мешавад. Ғояи ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти аз ҷониби ҷемеа  нафаҳмидан ва напазируфтани  занони ҳиҷобпӯш ба Назма Хон, зодаи Бангладеш тааллуқ дорад. Дар ин рӯз фаъъолон кӯшиш мекунанд ба мардум фаҳмонанд, ки  новобаста аз мазҳаб ва фарҳанг мо ҳама  яксон ҳастем ва бояд дар сулҳ ва эҳтироми тарафайн зиндагӣ кунем. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар Рӯзи ҳиҷоб  дар марказҳои савдо ва кӯчаҳо занони роҳгузарро барои дар худашон чен кардани ҳиҷоб даъват мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки аз сокинон суботкорона даъват мекунанд, то ҳиҷоб напӯшанд. Бо ташаббуси мақомот занон маҷбур карда мешаванд, ки аз ҳиҷоб даст кашанд, онро бо рӯймоли миллӣ иваз кунанд ва либоси миллӣ ба бар кунанд. Полис барои дастгир кардани муҷримон  мунтазам рейдҳо ташкил карда, занони ҳиҷобпӯшро ба идораи полис бурда,  таҳқир ва таҳдид мекунанд ва аксар вақт ба ҷурми  “авбошӣ” ҷарима мешаванд. Занони ҳиҷобпӯш аз хидматрасонӣ ва кор кардан дар мақомоти давлатӣ, шуғл ва ғайра маҳруманд. Ҳамин тариқ, Раҳмонов бо додани фармони чӣ либосеро ба бар кардани шаҳрвандон ба ҳавзаи шахсии онҳо ошкоро ҳамла карда, ҳама озодиҳо ва ҳуқуқҳои дар Сарқонун ба онҳо пешбинишударо поймол мекунад.  Чунин кор дар  давлати демократӣ  ғайри қобили тасаввур аст!

Раҳмонов бо баҳонаи мубориза бо радикалшавии  аҳолӣ ҳуқуқи мардуми худро ба озодии иэътиқод  торафт бештар маҳдуд мекунад. Пас, масоҷид ва пӯшидани ҳиҷоб ба ӯ чӣ гуна монеъ мешаванд? Ба ӯ пеш аз ҳама лозим аст, ки ҳокимияташро ба ҳар васила  нигоҳ дорад. Барои ба ин ҳадаф расидан  мардумро бояд аз ҳам ҷудо кард ва нагузошт, ки дар гурӯҳҳои калон ҷамъ оянд ва арзишҳои муштарак дошта бошанд. Раҳмонов ба ҳама кор қодир аст, то мардум арзишҳои ҷовидонӣ ва ҳадафҳои муштаракро фаромӯш кунанд, ба ӯ лозим аст, ки ҳар як шахс на дар бораи тақдири наслҳои оянда, на дар бораи рифоҳи мардуми худ ва шукуфоии кишвар, на дар мавриди имон ва виҷдон, балки танҳо дар бораи худ дар бораи неъматҳои моддӣ фикр кунад.

Аз замонҳои қадим ҳокимон барои нигоҳ доштани ҳокимияти бо дин  дар иттиҳод мезистанд. Раҳмонов бошад, худро аз дин ҷудо мекунад, эътиқод ва тарзи ҳаёти мусалмонони диндорро беарзиш мекунад, зеро кайҳост, ки худи ӯ  на аз рӯи виҷдон ва на аз рӯи шаръи дин зиндагӣ мекунад ва аз ин рӯ барои он ки ӯро муттаҳам накунанд, бояд нишон дод, ки на ҳама арзишҳои динӣ арзишманданд.

Дар баробари ин, ҳамла ба  ин ҳавзаи  муқаддас ва хеле шахсӣ барои ҳар як шахс имкон медиҳад, ки Раҳмонов қудрати ҳокимият ва ҳудуди сабри мардумро бисанҷад ва агар мардум  бидуни ҳаяҷон ва тазоҳуроти шадид  ба ӯ итоат кунанд, ҳиҷоб ба бар накунанд, ба масоҷид нараванд, пас бо ин мардум метавонад ҳар кореро, ки хост, анҷом диҳад, нисбаташон  қонунҳои ғайриинсонӣ қабул кунад, онҳоро ошкоро ғорат ва нобуд созад.

Тоҷикон, ки таърихан мусулмонони воқеӣ ва муъмин ҳастанд, имрӯз  дар сарзамини худ барои эътиқоди диниашон  аз ҷониби ҳукумати худ мавриди таъқиб ва табъид қарор мегиранд. Ин вазъияти даҳшатнок ва бемаънист.Худи Раҳмонов дар доираҳои сиёсӣ ва дар арсаи ҷаҳон мақоми мусулмони парҳезгорро дорад, ҳар сол номи ӯ ба рӯйхати The Muslim 500 (500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон) шомил мешавад. Вале бояд донист, ки дар ӯ  на виҷдон, на шараф ва ҳеҷ чизи муқаддаси дигаре  боқӣ намондааст ва бо ин ҳокими  хоин ва  мунофиқ мардумро ояндаи неке интизор нест!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза