13.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Гирдиҳамои дар шаҳри Эдинбурги Шотланд


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” имрӯз, 22.03.2024 дар шаҳри Единбурги кишвари Шотландия назди консулгарии кишвари Туркия гирдиҳамоӣ баргузор кард. Ба мисли рӯзҳои гузашта ҳадаф аз баргузории ин гирдиҳамоӣ, расонидани тақозои “Гурӯҳи-24” ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Туркия аст, то ҷои будубоши роҳбари ҳаракат Суҳроб Зафар ва намояндаи он дар Туркия Насимҷон Шарипов муаян карда шавад. 

Тазоҳургарон нигарони худро аз нопадид шудани роҳбари ҳаракат Суҳроб Зафар ва намояндаи ҳаракат дар Турки Насимҷон Шарипов ва аз рабудани онҳо баён карданд. Инчунин аз намояндагони Туркия хоҳиш кардан ҳарчи зудтар барои пайдо кардани Насимҷон Шарипов ва Суҳроб Зафар талош варзанд ва сари роҳи ихроҷи онҳоро  аз Туркия ба Тоҷикистон бигиранд.

Иштирокунандагон шиорҳои гунонгуне бо аксҳои Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов дар даст дошта ба намояндагони Консулгарии Туркия барои пайдо кардани ин ду мубориз ва роҳбар эътирозҳои худро расониданд. Шиъорҳое бо монанди: “Аз шумо фақат интизори адолатро дорем”, “Бо касоне, ки аз шумо паноҳгоҳ талаб мекунанд, онҳоро ҳифз кунеду ба дасти режими Раҳмонов надиҳед!”, “Боварнакарданист, Ҳукумати абарқудрати Туркия ба як ҳукумати золими Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд”, “Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро озод кунед”, “Бародаронатонро таслими душман накунед”, ва ғайра сару садо карданд.

Дар раванди тазоҳурот намояндагони ҳаракат бо навбати худ суханрони карданд ва хоҳишҳои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва намояндагони Туркия расонданд.  

Инчунин дар ин гирдиҳамоӣ Убайдулло Саидӣ сухангӯӣ “Гурӯҳи-24” иштирок карда суханрони кард. Ӯ дар робита ба нопадид шудани аъзои ҳаракат суҳбат карду аз намояндагони Туркия хоҳиш кард, ки ба қазияи аъзои ҳаракат дастбакор шаванду онҳоро пайдо кунанд. Ӯ гуфт: “Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ва роҳбари он ба шумо эътимод карда, кишвари шуморо ҷой зиндагии худ интихоб кард ва зиёда аз 10 сол дар Туркия зиндагӣ мекард. Лутфан обрӯи кишвари худ ва сиёсати Туркияро ҳифз кунед ва таслими золим накунед касоне, ки аз шумо паноҳ хостанд”. 

Ёдовар мешавем, ки аз санаи 10-уми марти соли ҷори ҳамагуна тамосҳо бо роҳбари ҳаракат Суҳроб Зафар ва аз санаи 23-феврал тамосҳо бо Насимҷон Шариапов қатъ гардида, то ҳол дар куҷо будани онҳо маълум нест.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза