8.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Нишасти ҷамъбастии солонаи “Гурӯҳи 24” дар соли 2018-ум

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” рӯзи 23-юми декабри соли ҷорӣ нишасти ҷамъбастии солонаи худро дар шаҳри Кёлни Олмон баргузор кард, ки дар ин нишаст даҳҳо тан аз масъулин ва аъзои гурӯҳ, ки дар кишварҳои урупоӣ иқомат доранд, ҳузур оварданд ва чанде дигар ба таври онлайн сӯҳбат карданд. Аз масъулин Ҳусейн Ашӯров – ҷонишини роҳбари гурӯҳ аз шаҳри Стокҳолми Суид, Сайидалӣ Ашӯров- сухангӯи гурӯҳ бо Акмал Астанаев аз шаҳри Варшав ба Олмон барои ширкат дар ин ҷаласа ташриф оварданд.

Дилшод Шарифов – узви фаоли гурӯҳ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, риштаи суханро ибтидо ба Сайидалӣ Ашӯров дод ва ӯ аз бурду бохтҳои “Гурӯҳи 24” ва тамоми нишасту сафарҳо ва дигар фаолиятҳои яксолаи “Гурӯҳи24” дар соли 2018 аз Порлумони Урупо то дигар Созмону Дафтарҳои Ҳуқуқи башар гузориш дод.

Ҳусейн Ашӯров дар навбат ва суханронии худ оиди аҳдоф ва худ қурбон шудану ба мардум хидмат кардан гуфтугӯ кард.

Роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар бо тариқи онлайн дар ин маҷлис атрофи бархурди ҳукуматҳои солим бо атрофиён ва мухолифонашон ва инчунин бархурди кишварҳои диктаторӣ бо мардум ва мухолифини худ суханронӣ намуд ва дар идомаи суӯҳбат баён кард, ки кишварҳои солим аз атрофиён ва мухолифон дар бартараф кардани мушкилиҳои ҳукуматҳои худ ҳамчун оина истифода мебаранд, вале дар кишварҳои фалаҷ ва ҳукуматҳои бар сари зулм пойдор ин ҷои ислоҳи мушкилоти худ ин ҳама оинаҳоро мешикананд ва бо зулму бо ҷабр ҳукумат мекунанд. Ӯ гуфт, ки режими Раҳмонов дар мавриди баргардондани аъзои “Гурӯҳи 24” ба ватан, омори дурӯғ ва зиёде нашр кардааст, ки воқеияти он ба 2 нафар мерасад ва он ҳам, пас аз хориҷ шудан ва сабукдӯш шудан аз масъулиятшояшон.

Намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Русия – Раҳматҷони Маҳмадҷон низ дар ин нишаст аз тарики онлайн иштирок намуд ва аз фаъолияти яксолаи худ, вазъ дар Русия ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия гузориш ва суханронӣ намуд. Ҷаноби Маҳматҷон вазъи фаолияти “Гурӯҳи24” дар қаламрави Русияро хуб арзёбӣ карда, аз омодагӣ ва тарҳи барномаҳои ҷадид дар оянда дар ин кишварро хабар дод.

Яке аз дигар аъзои фаоли гурӯҳ- Раҳимов Комрон ҳам онлайнӣ суханронӣ намуда, аз бозиҳои режим барои дилсард кардани муборизон ва чигунагии бозигарон маълумот дод.

Муҳаммадҷон Абдуллоев узви дигари фаоли “Гурӯҳи24” дар суханронии худ аз баистилоҳ қонунҳои нав дар Сарқонун ва чигуна Раҳмонов худ ва хонаводаи худро аз ҷавобгарӣ озод карда ва чӣ гуна молу мулки дуздидаи худро дахлнопазир қаламдод кардааст.

Абӯзар Хоҷазода дар суханронии худ аз масрафҳои беҳудаи режими Раҳмонов ҳикоят кард.

Абдураҳмон Б. узви шӯрои “Гурӯҳи 24” низ дар ин нишаст ҳузур овард ва ӯ перомуни тарҳи аҳдофи бузург ва истодагӣ бар он, эътимод ба худ, таслим нашудан ва розҳои муваффақият суханронӣ намуда, аз инсонҳои муваффақ мисолҳо овард.

Дар охир масъули “Гурӯҳи24” дар Олмон – Муҳаммадраҷаб Саидалиев суханронӣ намуда, аз фаолияти яксолаи худ дар бахш ва аз пешрафти аъзои гурӯҳ дар Олмон гузориш дод. Ӯ гуфт чандин аъзо ба таҳсил фаро гирифта шуда ва чанди дигар ба кор шурӯъ кардаанд.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур аз тарафи намояндаи Гурӯҳи 24 дар Олмон Муҳаммадраҷаб Саидалиев, фаъолон Абӯзар Хоҷазода, Муҳаммад Кабиров ва дигарон ташкил ва гузаронида шуд. 

“Гурӯҳи24” барои солҳои оянда стратегия ва барномаҳои ояндаи худро дар ин ин нишаст матраҳ намуда, барои боз ҳам қавигардонии гурӯҳ барномаи хоссеро рӯи даст дорад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза