11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Роҳе, ки Умаралӣ Қувватов бо баҳои ҷонаш асос гузошт, идома дорад

Роҳе, ки Умаралӣ Қувватов бо баҳои ҷонаш асос гузошт, идома дорад!

Имрӯз аз қатли ваҳшиёнаи асосгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов 8 сол сипарӣ мешавад. Ҳарчанд мо аз ин санаи мудҳиш дур мешавем, ҳамон қадар ба дурустии роҳи интихобкардаи ин марди озодихоҳ ва ватанпарвар имон меорем. 

Умаралӣ Қувватов пас аз ғасби молу дороиҳояш аз ҷониби атрофиёни Раҳмонов даст ба мубориза зад ва пас аз таъсиси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия роҳи пур аз нишебу фароз ва пурхатареро аз сар гузаронид, аввал аз Русия ба Дубай, сипас ба Туркия рӯ овард, зиндонӣ ҳам шуд, вале бо иродаи қавӣ ва ҷасорати беҳамто дар атрофи худ ҳамақида ва ҳамфикронашро муттаҳид намуда ҳаракати сиёсиеро  таъсис дод. 

Ба майдони мубориза омадани Умаралӣ Қувватов режими диктатории Раҳмоновро ба ваҳшат овард. Раҳмонов дар муқобили худ як нерӯи қавиеро эҳсос кард ва аз пайи аз байн бурдани Умаралӣ Қувватов афтод. Ӯ дар аввал хост Умаралӣ Қувватовро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод намояд, вале ин тири Раҳмонов хато хурд. Умаралӣ Қувватов пас аз боздошт дубора аз зиндон озод шуд ва ба муборизаи худ давом дод.

Ин дафъа Раҳмонов бо фиристодани як гурӯҳи зархарид ӯро 5 марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия сараввал заҳр дода, баъдан дар назди зану фарзандонаш ба қатл расонд. 

Раҳмонов фикр кард, ки бо аз байн бурдани Умаралӣ Қувватов ин созмонро ҳам аз байн мебарад, вале боз ҳам хато кард. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” пас аз ба қатл расидани бунёдгузори он боз ҳам муттаҳидтар шуд ва ҳамсангарону ҳамсафони ин марди озодихоҳро ба ҳам овард.

Ин созмони сиёсӣ минбаъд аз марзҳои Русия ва Туркия убур карда, то ба кишварҳои Аврупо ва Амрико густариш пайдо намуда, ба яке аз созмонҳои сиёсии мухолифи Ҳукумати худкомаи Тоҷикистон табдил ёфт ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико эътироф шуд. 

Имрӯз Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” чи дар кишвар ва чи хориҷ аз он пайравону тарафдорони зиёде дорад. 

Роҳе, ки Умаралӣ Қувватов бо баҳои ҷонаш асос гузошт, идома дорад. Ин роҳ роҳи адолат, роҳи ҳақ ва ростист. Ин роҳ роҳи мубориза бар зидди зулм ва ситам, бар зидди фасод ва ҳукумати хонаводагӣ, роҳи расидан ба озодӣ, роҳи бунёди як Тоҷикистони нав,  ҳуқуқбунёд, ва мардумсолорӣ аст.

Дар ин рӯз месазад, ки мо номи бунёдгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  Умаралӣ Қувватовро ба некӣ ба ёд оварем, аз кору пайкор, ҷасорату шуҷоат ва зиндагии кӯтоҳ, вале пурибрати Ӯ сухан гӯем ва аз даргоҳи Худованд талаб намоем, ки рӯҳи ӯро шод,  мақомашро ҷаннат ва гӯрашро пурнур намояд.
  Омин!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза