11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Посух ба Сироҷиддин Аслов оиди тӯҳматҳои ӯ дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена

Вазъи кунунии ҳукумати оилавии Тоҷикистон зани солхӯрдаеро монад, ки наздикшавии марги худро ҳис карда, доимо аз ҳар чизе менолад. Тӯҳмату бӯҳтонҳо мебофаду паҳн мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон гоҳ аз Эрон менолад, ва гоҳ аз Русия шиква мекунад. Нисбат ба мухолифин бошад, хусусан дар бораи “Гурӯҳи 24”, доимо ҳар гуна тӯҳматҳои беасосро нисбат медиҳад.

Тӯҳмату бӯҳтони навбатӣ, ин суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон – Сироҷиддин Аслов буд. Ӯ дар суханронияш дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Венаи Устриш, кишварҳои аврупоиро ба он гунаҳкор кард, ки онҳо минбарҳоро ба “террористон” – аъзоён ва фаъолони “Гурӯҳи 24” медиҳанд.

Дар посух ба Сироҷиддин Аслов мехоҳем гӯем, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, эълон кардани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти террористӣ ва мамнӯъ кардани фаъолияти он ягон асосе вуҷуд надорад. Ҳамаи мурофиаҳои марбут ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти террористӣ, пушти дарҳои баста сурат гирифтаанд, ва аксарияти корҳои дар он ҷо рӯхдода ноаён мондаанд. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки агар ҳукумати Тоҷикистон барои эктремист хондани “Гурӯҳи 24” ин қадар далелҳои кофӣ рӯи даст дошт, пас чӣ ҳоҷате буд ба мурофиаҳои паси дарҳои баста? Сабаб маҳз ин буд , ки ҳукумати Тоҷикистон ягон асос ва далеле дар даст надорад. Ҷомеаҳои ҷаҳонӣ, ки дар ҳақиқат ҳуқуқбунёд ҳастанд, “Гурӯҳи 24”-ро ҳамчун як ташкилоти экстремистӣ эътироф намекунанд. Ва агар “Гурӯҳи 24” садди роҳи мӯҳтарам вазир шуда бошад, пас ӯро мебояд ба ҷои суханҳои пучу холӣ , далелҳои асиле пешниҳод кунад, ва ҷомеъаи ҷаҳониро бовар кунонад, ки ҳақ ҷониби онҳост. Ва агар далеле вуҷуд надорад , пас мо ба Сироҷиддин Аслов тавсия медиҳем, ки худро дар нишастҳои байналмилалӣ мавриди тамасхур қарор надиҳад. Ғайр аз ин, мехоҳем боз хотиррасон намоем, пеш аз чунин тӯҳматҳои беасосро паҳн намудан ва дар сатҳи байналмилалӣ маърӯза кардан, вазирро мебояд, аввал забони англисиро хуб омӯзад, вагарна аз чунин тарзи суханронӣ чизеро фаҳмидан душвор аст.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза