11.1 C
Dushanbe
29.04.2024

Рӯйдодҳои хунини Бадахшон.Қатли Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, марди озодихоҳ ва лидери мардумӣ.

Рӯйдодҳои хунини Бадахшон.

Қатли Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, марди озодихоҳ ва лидери мардумӣ.

Яке аз ҳадафҳои дигари Ҳукумати ҷиноятпешаи Раҳмонов аз байн бурдани раҳбарони мардуми озодихоҳ ва муборизи Бадахшон, аз ҷумла марди ҳақиқатпеша ва ватанпарвар Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба ҳисоб мерафт. Зеро мақомот ба хубӣ дарк мекард, ки бо нобуд кардани Муҳаммадбоқиров мавҷи эътироз ва норизоиятии мардум зуд паст мешавад. Бо ин ният мақомоти интизомӣ нақшаи нобуд кардани ӯро тарҳрезӣ карда, 22 майи соли 2022 соати 17:30 дақиқа ӯро ҳадафи нишон қарор доданд.

Дар хабари бардурӯғи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта шуд, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло “бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” рӯй додааст.

Мамадбоқир Мамадбоқиров маъруф бо номи Боқир, полковники бознишастаи хадамоти марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон буд ва бо ҳақгӯӣ ва адолатхоҳӣ миёни мардум эътибор дошт. Ӯ аз ҷумлаи  қумондонҳои нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифин буд, ки баъд аз имзо шудани қарордоди сулҳ байни Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1997 ба рутбаи сарҳанг (полковник) расид ва фармондеҳии яке аз воҳидҳои марзбонии ноҳияи Мурғобро дар марз бо Қирғизистон ва Чин бар дӯш гирифт.

Ҳукумат дар симои ӯ як нафар лидери мардумиро медид ва аз ӯ ҳарос дошт.  Ин буд, мақомот ҳамвора ӯро ба ҳайси раҳбари дастаи муташаккили ҷиноӣ муаррифӣ мекард ва дар одамрабоӣ, қатлу куштор, роҳзанӣ ва таҷовузи ҷинсӣ гумонбар медонист. Тибқи маълумотҳо аз соли 1995 то 2022 алайҳи Ӯ 34 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Вале мардум бепоя ва бе бунёд будани ин иттиҳомотро хуб медонист ва ин ҳама нуфузу эътибори ӯро боз ҳам боло мебурд. Муҳаммадбоқир бошад, ба зиндагии оддии худ идома медод, вале бар зидди беадолатӣ ва зулму беқонуниҳои Ҳукумат садои худро баланд мекард. Махсусан, дар ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 номи ӯ дар робита бо эътирозҳои мардумӣ бештар вирди забонҳо гардид.

Ӯ ба хубӣ медонист, ки дар ин роҳи пурхатар ҳар лаҳза метавонанд ӯро ба қатл расонанд, вале аз роҳи худ нагашт ва то ба охир дар аҳди худ устувор монд ва сарбаландона ҷони худро фидои роҳи ҳақ ва озодӣ  кард.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза