18.1 C
Dushanbe
05.05.2024

Мулоқоти намояндагони “Гурӯҳи 24” бо вакили Порлумони Аврупо – Богдан Брунон

Дирӯз (24.04.2018) ҳайати “Гурӯҳи 24” дар дуввумин рӯзи сафари кории худ дар Брюссел бо вакили Порлумони Аврупо, намояндаи ҳизби ағлабияти ПА. Ҳамзамон, узви намояндагии Маҷмааи Муштараки Порлумонии ACP-EU дар Порлумони Аврупо мулоқот карданд. Ҷаноби Богдан Брунон аз намояндагони мо хуб пазироӣ намуда, хушҳол аз он шуданд, ки мустақиман, аз авзоъи кунунии Тоҷикистон огоҳ шуданд.

Зимни сӯҳбат намояндагони ҳаракат қазияи роҳбари боздоштшудаи “Гурӯҳи 24 ” – Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифовро матраҳ карданд, ки воқеан дар хатари истирдод ба Тоҷикистон қарор доранд. Намояндагони “Гурӯҳи 24” нисбати мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷиддитар аз Порлумони Аврупо умедворӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия- Насимҷон Шарифов бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Туркия дар торихи 19-уми марти соли равон боздошт шуданд ва ҳанӯз таҳқиқи парвандаи онҳо идома дорад. Дар зимн, ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро сарф дорад то ин фаъолони сиёсиро истирдод намояд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза