24.1 C
Dushanbe
09.05.2024

Модоме оқои Путин ҳаст, “пешво” ба мо чӣ лозим?

Дар ҳикоятҳо омадааст, ки марди хайрхоҳу саховатманде ҳамеша марди фақиреро кӯмак мекардааст. Баъди мурури замон, ин кори хайр барои марди фақир мисли маошпулӣ метобад ва фикр мекунад, бояд моҳона барояш пардохта шавад. Хулоса, рӯзе аз рӯзҳо, ин мард назди саховатманд меояд ва “маошаш”-ро талаб мекунад, вале саховатманд ӯзр пурсида мегуяд, ки имсол фарзандамро арӯсӣ мекунам ва имконияти хайр карданро надорам. Ҳамин лаҳза буд, ки марди фақир ба хашм омада, бо асабонияти шадид мегуяд: “ман чӣ кор дорам дар ин масъала? Чаро бо пули ман фарзандатро арӯсӣ мекунӣ? “

Ин қиссае буд, ки мутаассифона ба як воқеияти талхи имрӯзаи ҷомеъаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Махсусан, дар робита бо алоқаҳои торихие нисбати Русия дорем. Мутаассифона, дар зеҳнияти мардуми мо чунин як хаёлоте пайдо шудааст, ки ҳама умеду орзуи худро дар Русия ва президенти он кишвар мебинанд. Ва тамоми бадбахтиву саргардонии худро низ. Кор то ҷое расидааст, ки имрӯз мардуми мо ба навзодҳои худ исми Путинро номгузорӣ мекунанд, бар акси солҳои қаблие, ки Эмомалӣ “муд” буд.

Дуруст аст, ки баъд аз фурӯпошии шуравӣ, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари фақир “таваллуд” шуд ва бо иқтисоди хеле заъиф “ба дунё омад”, ки мардуми зиёди мо маҷбур будаанд, ки барои дарёфти қути лоямут ҳиҷрат кунанд ва ояндаи зиндагии худро дар Русия бубинанд. Инак, 25 сол мегузарад аз истиқлолияти кишвари мо, вале бозҳам рӯз то рӯз сафи муҳоҷирон зиёд мешавад ва аз кудом беҳбудӣ дар ватани мо хабаре нест.

Ҳамагон шоҳиди он будем, ки солҳои ахир, Русия бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ шуд ва арзиши пули миллии худро аз даст дод ва ба ин тартиб, таъсираш ба муҳоҷирони кории тоҷик расид ва ҳаҷми интиқоли маблағ низ ба ватан ба маротиб коҳиш ёфт. Ҳамаи инҳоро мебояд мадди назар гирифт ва ин маънои онро надорад, ки дар ҳама пастиҳои зиндагии худ, Русияро муқассир бидонем ва ҳар гоҳе рӯбарӯи мушкилоти зиндагӣ гаштем, аз гиребони ҳамсоякишварҳо бигирем.

Магар Русия барои хӯрондану пӯшондани мардуми Тоҷикистон кудом созиншномае бастааст, ки ман аз ӯ бехабар ҳастам? Ё оқои Путин аз мо қарздор мебошад?

Афвкунанда Путин, бахшоянда Путин, мушкилҳалкунанда Путин, кордиҳанда Путин, нафту газдиҳанда Путин…ин ҳамаро, ки Путин бидиҳад пас Раҳмонов ба мо чӣ лозим? Боре суол кардем, ки шахсе ба ном Эмомалӣ Раҳмонов чӣ кор мекунад модоме ҳалл кунанда Путин бошад? Чунин бошад, пас унвони “пешвои миллат”-ро Раҳмонов чӣ кор мекунад? Беҳтар нест ба Путин дода шавад ё иштибоҳ мекунам? Чунин бошад, пас чаро дарборони ҳукуматӣ аз вазирону кабирон саркарда то муфтие, ки ҳамеша машғули ситоиши Раҳмонов мебошад, қиблаи худро иваз намекунад тарафи “Кремль” ва мардумро ба шукронаи оқои Путин даъват кунанд ба ҷои Эмомалӣ?

Мулоҳиза карда бошед, ҳар замоне оқои Путин озими кишвари мо мешавад, аввалин масъалае, ки матраҳ мешавад дар расонаҳои расмӣ ва мустақили мо ин “Умедҳо аз сафари Путин” ё “Интизориҳо аз сафари Путин” мебошад. Аҷибии кор дар ин аст, ки дар ҳолате ин сафарҳо бо муввафақият анҷом ёбанд ҳамаро ба сиёсати хирадмандонаи “пешво” яъне, ба Раҳмонов рабт медиҳанд ва хонандагону шоирони мо, ки ҳамеша омодаи ҳамду ситоиш мебошанд, барои шеъру сурудҳониву рақсидан дар навбат меистанд. Аммо агар муваффақияте дар ин замина дида нашавад, вой бар ҳоли меҳмон, яъне ҳамаро бар души оқои Путин гузошта, аз мансабдорони воломақом шурӯъ карда, то мардуми ом ба санг задан мепардозанд.

Мутаасифона, вақтҳои охир сафи интиқодкунандагони Русия хеле афзоиш ёфтааст ва бадбахтона миёни онҳо ба ном “мухолифин”-и Раҳмонов низ, дида мешаванд. Инҷо як чанд суол мегузорам ба онҳое, ки Русияро ҳадаф қарор дода, ҳамеша бо танқиди ҳукумати он кишвар машғуланд, махсусан онҳое, ки худро мухолифи режими Раҳмонов меҳисобанд;

1. Магар кофӣ нест, ки Русия 2 милиён тоҷикро ба кор таъмин карда аст?

2. Магар Русия ҳамаи моро бар дӯши худ гирифтаст?

3. Оё куҷое дидед, ки Путин қасам хурда бошад, ки масъулияти шаҳрвандони Тоҷикистонро то садсолаҳои оянда бар ӯҳда мегирам? Ба кор, зиндагӣ ва маоши хуб таъмин мекунам?

4. Оё ин ба ҷои шукргузории мо аст?

5. 25 сол муҳоҷират кофӣ набуд? Беҳтар нест, ки дар фикри баргаштан бошем?

6. Оё ин ба монанди туф кардан дар намакдон нест?

7. Оё Путин бо овозҳои мо сари қудрат расидааст, ки имрӯз аз ӯ ҷои кор ва зиндагии хуб талаб мекунем?

8. Оё он касе, ки даъвои падарии миллатро дорад, масъули ин ҳама бадбахтии мову шумо нест?

9. Чаро забонатон мепечад дар талаб кардани ҳуқуқи худ аз Раҳмонов?

10. Масъулияти Раҳмонов фақат зиндагии хуб ва ба ҷои кор таъмин кардани фарзандону хешовандонаш мебошад?

11. Магар бо садоҳои мову шумо Раҳмонов дар сари қудрат нест? Ё инчунин даъво намекунад?

12. Маблағҳои андозу гумруки мардуми Тоҷикистон ба ҷайби Путин мераванд ё Раҳмонов?

13. Милиёнҳо кӯмакҳои байналмиллалие, ки солона борои Тоҷикистон ва мардуми он ҷудо мешаванд, ба ҷайби кӣ меравад? Путин ё Раҳмонов? Боре пурсидаед, ки ин маблағҳо дар куҷо сарф мешаванд?

Вайсиддин Одинаев

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза