Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Русия – Раҳматҷони Маҳмад ва узви дигари ин ҳаракат- Шоббуддин Бадаловро содир кард. Бино ба қарори додгоҳ, Раҳматҷони Маҳмад ва Шоббуддин Бадалов ба 15 рӯзи ҳабс ва 15 ҳазорӣ рубли русӣ ҷарима шуданд.

Намояндагони “Гурӯҳи 24”, иборат аз 10 нафар, рӯзи 24-уми июн дар Гузар (парад)-и низомӣ бахшида ба пирӯзӣ бар фошизми олмонӣ, ки дар шаҳри Маскав барпо шуд ва дар он роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Э. Раҳмонов ширкат доштанд, бар алайҳи ширкати диктатор Раҳмонов, пикети эътирозие анҷом доданд. Муътаризин аз “Гурӯҳи 24″ дар даст овезаҳоеро бо акси Ҳитлер ва Раҳмонов бо шиорҳое чун: ” Фарқ байни ин ду диктатор дар чист ?, Ҳитлер инсонҳоро кушт ва Раҳмонов мардуми худро мекушад.”, доштанд. Бахше аз намояндагони “Гурӯҳи 24” варақаҳоеро бо шиорҳо ва маълумотҳои ба ин монанд, дар маркази Майдони сурхи Маскав ба роҳгузарон тақсим мекарданд.

Дар рафти ин пикети эътирозӣ, намояндагони “Гурӯҳи 24” бо чанде аз кормандони амниятии тими Раҳмонов, ки худро ба ҳайси роҳгузар вонамуд мекарданд, вориди баҳсҳои лафзӣ шуданд. Дар ин миён, кормандони пулис ду нафар аз аъзои “Гурӯҳи 24”-ро боздошт карданд. Барои як мубориз ва як озодихоҳ, ҳабс ва ҷарима ба хотири шараф ва озодӣ, ин худ ШАРАФ аст. Зеро табиати ин роҳ, чунин сахтиҳоро дар пай дорад ва инро касе дарк мекунад, ки маънии Озодӣ, шараф ва номусро дарк кардааст. Муборизон дар ҳарду ҳолат: шикаст ва ё пирӯзӣ, дар саодатанд.

Ёдовар мешавем, ки “Гурӯҳи 24” барномае бо номи “Истиқболи гарм”-ро роҳандозӣ кардааст ва ҳар куҷое Раҳмонов сафар кунад, агар камтарин фурсат рӯи даст бошад, ҳатман ӯро “гарм” истиқбол хоҳем гирифт. Пештар аз ин, намояндаҳои “Гурӯҳи 24” Раҳмоновро дар кишварҳои Фаронса, Суис, Чех ва худи Русия бо чунин тарз “истиқбол” гирифта буданд ва ҳатто дар Фаронса бо занозанӣ миёни муҳофизони Раҳмонов ва аъзои “Гурӯҳи 24” печида буд.

Умедворем, рӯзҳои наздик, боз ин муборизонро дар озодӣ мебинем ва роҳи муборизаи мо бар диктотура ва хиёнати ин тоифаи бодоварда идома дорад!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here