11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Додгоҳи Маскав ду намояндаи “Гурӯҳи 24”-ро дубора ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум кард

Додгоҳи шаҳри Маскав ду намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Русия – Раҳматҷони Маҳмад ва узви дигари ин ҳаракат- Шоббуддин Бадаловро, ки ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум шуда буданд ва бо адои ҳукм, дирӯз ба озодӣ баромаданду дубора аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда, ба шӯъбаи пулиси шаҳраки Хитойи шаҳри Маскав бурда шуданд, бори дигар ба 15 рӯзи боздошт маҳкум кард. Нишасти додгоҳӣ зӯҳри имрӯз сурат гирифта, додгоҳ намояндагони “Гурӯҳи 24”-ро ба нашри символҳои нозӣ ( манзур акси Ҳитлер) муттаҳам кард. Нашри акс ва символҳои миллатгароёнаи марбут ба Ҳитлер ва ҳукумати диктотурии миллатгарояш дар аксари кишварҳо мамнӯъ буда, ҷазоҳои гуногун ба дунбол дорад. Бино бар қарори пешини додгоҳ дар робита ба пикети эътирозӣ, Раҳматҷони Маҳмад ва Шоббуддин Бадалов ба 15 рӯзи ҳабс ва 15 ҳазорӣ рубли русӣ ҷарима шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони “Гурӯҳи 24”, иборат аз 10 нафар, рӯзи 24-уми июн дар Гузар (парад)-и низомӣ бахшида ба пирӯзӣ бар фошизми олмонӣ, ки дар шаҳри Маскав барпо шуда буд ва дар он роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Э. Раҳмонов ширкат доштанд, бар алайҳи ширкати диктатор Раҳмонов, пикети эътирозие анҷом доданд. Муътаризин аз “Гурӯҳи 24″ дар даст овезаҳоеро бо акси Ҳитлер ва Раҳмонов бо шиорҳое чун: ” Фарқ байни ин ду диктатор дар чист ?, Ҳитлер инсонҳоро кушт ва Раҳмонов мардуми худро мекушад.”, доштанд.

Бахше аз намояндагони “Гурӯҳи 24” варақаҳоеро бо шиорҳо ва маълумотҳои ба ин монанд, дар маркази Майдони сурхи Маскав ба роҳгузарон тақсим мекарданд. Дар рафти ин пикети эътирозӣ, намояндагони “Гурӯҳи 24” бо чанде аз кормандони амниятии тими Раҳмонов, ки худро ба ҳайси роҳгузар вонамуд мекарданд, вориди баҳси лафзӣ шуда буданд ва ин боиси боздошти онҳо шуда буд. 15 рӯзи ҳабс пушти сар шуд, вале ҷасорат ва озодихоҳии ин муборизон дар муқобили як диктатори қотил таърихсоз шуд. Ва торих чунин мардони озодихоҳ ва далерро ҳаргиз ба фаромӯшӣ нахоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки “Гурӯҳи 24” барномае бо номи “Истиқболи гарм”-ро роҳандозӣ кардааст ва ҳар куҷое Раҳмонов сафар кунад, агар камтарин фурсат рӯи даст бошад, ҳатман ӯро “гарм” истиқбол хоҳем гирифт. Пештар аз ин, намояндаҳои “Гурӯҳи 24” Раҳмоновро дар кишварҳои Фаронса, Суис, Чех ва худи Русия бо чунин тарз “истиқбол” гирифта буданд ва ҳатто дар Фаронса бо занозанӣ миёни муҳофизони Раҳмонов ва аъзои “Гурӯҳи 24” печида буд. Умедворем, рӯзҳои наздик, боз ин муборизонро дар озодӣ мебинем ва роҳи муборизаи мо бар диктотура ва хиёнати ин тоифаи бодоварда идома дорад!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза