7.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Мард намирад ба марг…

Мегӯянд, ки вақте кӯдаке ба дунё меояд, дар осмон бо номи ӯ ситораи наве медурахшад. Ҳамин хел, 48 сол пеш санаи 21-уми ноябри 1968-ум сол осмони Тоҷикистонро бо нури худ ситораи Умаралӣ Қувватов дурахшонд. Ситораи шахсе, ки ӯро ба ростӣ метавон қаҳрамони халқи худ номид. Ӯ аз байни халқ баромад ва то ба охир ба халқи худ содиқ монд. Дар замони дороиву сарватмандӣ, Умаралӣ Изатович ба ниёзмандон дасти ёрии худро дареғ намедошт. Ӯ ҳазорҳо ҷои кор ташкил кард. Дархости мардуми оддиро ҳеҷ гоҳ рад намекард. Ба тақдири мардуми оддӣ дили ӯ доимо дар тапиш буд. Ноадолативу ситамкорӣ бар мардуми оддӣ аз тарафи режими ҳукмрон ӯро водор сохт, то ки бар зиди режими Раҳмон бархезад. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” -ро ташкил дода, ӯ ошкоро бар зиди зулму ситами оилаи Раҳмон нисбати мардуми оддӣ ва беҷавоб мондани он бархост. Дар давоми ҳаракати худ Умаралӣ Изатович борҳо аз тарафи ҳукумати Раҳмон фишору таҳдидҳо шуд. Вале ҳамаи ин ӯро аз мубориза боз надошт. Ҷони худро аз даст дода, Умаралӣ Қувватов ҳамчун як муборизи ҳақиқӣ аз озодӣ ва ҳуқуқи мардуми худ муҳофизат кард. Бале, ситораи ӯ дуру дароз надурахшид. Нури ситораи Умаралӣ садди роҳи корҳои ношоистаи режими Раҳмон шуд ва 5-уми марти соли 2015-ум сол рӯшноии ситораи ӯ бо дастони хунолуди Раҳмон хомӯш карда шуд. Вале муҳаббат ва ёди ӯ дар дилу дар хотири мо то абад боқӣ хоҳад монд.

PS. Ба самъи хонандагони азиз мерасонем, ки қарор аст имрӯз, (21.11) аз соати 18:00 (бо вақти Маскав) чорабиние барои ёдбуди ин абармард шаҳид Умаралӣ Қувватов роҳандозӣ шавад. Макон: Зелло “Новый Таджикистан 2”.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза