11.1 C
Dushanbe
29.04.2024

Гирдиҳамоии эътирозии фаъолони “Гурӯҳи 24” дар назди сафорати Русия дар Олмон

24 сентябри соли равон фаъолони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” таҳти роҳбарии Дилшод Шарипов дар назди сафорати Русия дар Берлин дар робита бо рабуда шудани узви ин созмон Шобуддин Бадалов дар қаламрави Федератсияи Русия гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов 1-уми сентябри соли равон аз ҷониби пулиси ноҳияи Совети шаҳри Нижний Новгород рабуда шуд.

Дар робита бо ин ҳодиса “Гурӯҳи 24” ба ҳамаи зинаҳои мақомоти салоҳиятдори Русия муроҷиат намуд. Мақомоти Русия дар навбати худ гуфтанд, ки ин парванда марбут ба салоҳияти Вазорати корҳои дохилии Русия аст, ВКД бошад то ба ҳол хомӯш аст. Бо назардошти ин воқеият, тазоҳуроткунандагони гирдиҳамоии назди сафорати Русия дар Берлин аз Вазорати корҳои дохилии Русия талаб намуданд, ки ба ҷустуҷӯи узви рабудашудаи “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов шурӯъ намояд ва ё шарҳ диҳад, ки чаро Русия аз бедарак шудани фаъоли сиёсӣ дар қаламраваш нигарон нест? Тазоҳуркунандагон аз Русия ба унвони як кишвари демократӣ тақозо намуданд, ки дар боздошти фаъолони мо бо диктатори касиф Раҳмонов ҳамкорӣ накунад. Онҳо аз Вазорати корҳои дохилии Русия талаб намуданд, ки қазияи рабуда шудани Шобуддин Бадаловро шарҳ дода, аз тарафи кӣ рабуда шудан ва дар куҷо қарор доштани ӯро равшан намояд.

“Мо донистан мехоҳем, ки чаро қонунҳои Русия иҷро карда намешаванд? Чаро дар чунин ҳолатҳо тафтишот гузаронида намешавад? Мо медонем, ки пушти рабуда шудани бародари муборизи мо кӣ истодааст, вале мехоҳем, ки ин аз забони мақомоти Русия садо диҳад. Мо мехоҳем донем, ки ҳамсангари муборизи мо фурӯхта шуд ё тӯҳфа карда шуд? Ва арзиши ин қурбонӣ чанд аст? Мо бо Русия мухолиф нестем, мо мухолифи режими Раҳмонов ҳастем”- шиор партофтанд иштироккунандагони таҷаммуъи эътирозӣ.

Қобили зикр аст, ки сабаби боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шудан ё нашудани Шобуддин Бадалов, ки то 30 августи соли 2020 дар Русия мақоми паноҳандагӣ дошт, то ба имрӯз ба мо маълум нест. Ин бори аввал нест, ки як фаъоли сиёсӣ дар Русия нопадид мешавад. 19 майи соли 2015 фаъоли мо Эҳсон Одинаев, ки сарнавишташ то ба ҳол номаълум аст, дар шаҳри Санкт-Петербург рабуда шуд. Роҳбари ҳаракати сиёсии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимов 20 январи соли 2015 рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод ва ба муддати 17 сол ба зиндони низомаш сахт аз озодӣ маҳрум гардид. Пеш аз рабуда шудан ба ҷони ӯ сӯиқасд сурат гирифт. Бояд махсусан таъкид намуд, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия ҳамчун “созмони ифротӣ” эътироф нашудааст ва тибқи қонунгузории Русия дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунад.

Чанде аз фаъолони “Гурӯҳи 24” дар Русия мақоми паноҳандагӣ дарёфт намуданд. Дар тӯли чанд соли охир, бисёре аз онҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон борҳо боздошт шуданд ва бо қарори додгоҳҳои Русия на танҳо ба Тоҷикистон истирдод нашуданд, балки аз толори додгоҳ озод карда шуданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” қасд дорад ин парвандаро дар чаҳорчӯбаи қавонини Русия то охир пайгири кунад ва инчунин таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба ин масъала ҷалб намояд.

Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза