12.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Ҳамоиши Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ” дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон 

Ҳамоиши Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ” дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон 

 Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон Конфронси солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷараён дорад. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо истифода аз фурсат барои ҷалби таваҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ алайҳи ҷиноятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбари “доимӣ ва ивазнашаванда”-и он Раҳмонов пикет орост. Мо бори дигар дар ин ҷо ҷамъ омадем, то таваҷӯҳи тамоми ҷаҳонро ба мушкилот ва нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷалб кунем.

 Бо ин мақсад даҳҳо нафар аз фаъолон ва аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон даст шиору овезаҳо бо аксҳои афроди аз ҷониби режими хунхори Раҳмонов бегуноҳ кушташуда  ва ё муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуда доштанд. Дар ин аксҳо нафароне ҳастанд, ки бидуни силоҳ ба гирдиҳамоии осоишта рафтаанд, то андешаи худро баён кунанд ва аз озодии сухан ҳимоят намоянд. Ҷаҳониён бояд аз усулҳои бераҳмонаи мубориза бо дигарандешӣ ва озодии Раҳмонов огоҳ бошанд. Раҳмонов дар муддати 30 соли ҳукмронии ғайриқонунӣ кишварро ба фурӯпошии комил овард: иқтисод аз байн рафт, сарватҳои миллӣ аз ҷониби атрофиёни ин хонаводаи ӯ тороҷ гардиданд . Тоҷикистон ба яке аз  фақиртарин кишварҳои ҷаҳон табдил ёфт, бекорӣ сол то сол меафзояд. Имрӯз шаҳрвандони мо маҷбуранд, ки дар мулки бегона, дур аз хонавода дар шароити ваҳшатнок кор кунанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва иқтисоди кишвар аз пулҳои фиристодаи муҳоҷирон вобаста аст.

Мо аз тамоми созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои маблағгузор хохиш менамоем, ки ба мушкилоти дохилии кишвар таваҷӯҳ зохир намоянд ва то он даме, ки Раҳмонов дар сари қудрат аст, дигар  лоиҳаҳои азимро маблағгузорӣ накунанд, ба Ҳукумати Тоҷикистон қарз  ҷудо нанамоянд. Зеро ин маблағҳо на барои рушди кишвар мақсаднок сарф мешаванд, балки ба кисаи Раҳмонов ва атрофиёни ӯ меравад.


Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 “

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза