18.1 C
Dushanbe
04.05.2024

Бозиҳои пинг-понги Раҳмонов бо бемории КОВИД-19

Моҳи январи соли 2021 Раҳмонов бар бемории КОВИД-19 пирӯз шуданашро  эълом карда,  бо ифтихор ба мадҳу санои ба васфаш гуфташуда  гӯш дод, бо виқор ва  далерона ҷашнҳо ташкил кард.

Вале аз аввали моҳи май дубора паёмҳои ғайрирасмии кормандони муассисаҳои тиббӣ, озмоишгоҳҳо, хешовандон ва худи беморон дар бораи мавҷудияти ҳолатҳои коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон садо додан гирифтанд. Вазорати тандурустӣ дар вокуниш ба ин хабарҳо  гуфт, ки ҳоло бистарӣ шудани беморони гирифтори мушкилоти илтиҳоби  шуш дар кишвар афзоиш ёфтааст ва набояд хавотир шуд, зеро ташхисҳо бар бемории коронавирус натиҷаашон манфӣ мебошанд.

Рӯзи 19 май Абдумавлон Абдуллозода, раиси бахши Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд эълом дошт, ки ташхиси як шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ки дар меҳмонсарои шаҳри Бӯстон иқомат  мекард, дар Маркази саломатии Лукмони Ҳаким ба коронавирус натиҷаи  мусбат дод. Пас аз он дар ВАО  бо истинод ба суханони ӯ дар бораи ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории  коронавирус  пайдо шудан гирифтанд. Мақомот дар ҷавоб пас аз як ҳафта Абдумавлон Абдуллозодаро аз вазифа сабукдӯш карданд ва озмоиши такрории шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ки ба Душанбе фиристода шуд, натиҷаи манфӣ дод. Мақомоти маҳаллӣ гузориш доданд, ки вазъ таҳти назорат аст, аммо дар айни замон қабули беморони гирифтори илтиҳоби шуш дар беморхонаҳо идома дорад.

Рӯзи 12 июн  бо истинод ба натиҷаи ташхисҳои озмоишгоҳи хусусии “Диамед” хабарҳо пайдо шуданд, ки рӯзи 8 июн танҳо дар Душанбе ин озмоишгоҳ  тақрибан 100 ҳолати коронавирусро ошкор карданд ва озмоишгоҳҳои дигар низ натиҷаи мусбати онҳоро тасдиқ мекунанд. Вазорати тандурустӣ дарҳол даъво кард, ки ин маълумот дуруст нест ва дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории  коронавирус сабт нашудааст. Беморхонаҳои давлатӣ озмоишҳои лабораторияҳои хусусиро эътироф накарда, онҳоро худашон санҷиданд ва албатта ҳамаи натиҷаҳо манфӣ шуданд.

Рӯзи 13 июн Сардухтури дармонгоҳи рақами 13-и шаҳри Душанбе Ҳомид Ҳомидзода хабар дод, ки 10 сокини минтақа ташхиси коронавирус доранд, аммо пас аз як рӯз ӯ суханашро тағйир дод.

Худи ҳамон рӯз сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев ниҳоят тасмим гирифт, ки дар пасманзари зиёд шудани овозаҳои мавҷудияти бемории коронавирус дар кишвар изҳороти расмӣ диҳад, аммо беҳтар мебуд ӯ ин изҳоротро намедод. Ӯ гуфт, ки ” ин беморон дар ҳавои гарм оби сард нӯшиданд ё дар наҳрҳои сард оббозӣ карданд ва  онҳо бемории сил доранд” ??? Пас, аз рӯи мантиқи суханони ин мансабдор  маълум мешавад, ки бемории сил дар натиҷаи нӯшидани оби сард пайдо мешудааст. Чӣ мантиқи аҷибу содалавҳонае!

Боз ҳам дурӯғи маҳз, дурӯғи ошкорои мақомот!  Вале ин дафъа бо дарки он, ки дигар дурӯғ гуфтан ғайриимкон аст, рӯзи 21 июн мақомот билохира эътироф карданд, ки дар кишвар коронавирус мавҷуд аст. Ва дар айни замон, чун ҳамеша   ба ин худи шаҳрвандонро айбдор карданд,  зеро шаҳрвандон ба гуфтаи онҳо  намехоҳанд ниқоб пӯшанд ва аз воситаҳои зиддиуфунӣ  истифода баранд. Вале  аз моҳи январ ба ин сӯ мақомот  тавассути  расонаҳо  ба мардум такрор ба такрор мегуфтанд, ки дар кишвар коронавирус нест, ҳоло бошад, шаҳрвандон ҳушёрии худро аз даст додаанд!?

Мушкилоти коронавирус чеҳраи воқеии Ҳукумати кунуниро ба хубӣ нишон дод: бори дигар мо Раҳмоновро дар дурӯғ гуфтан  дастгир мекунем, пас оё ба чунин ҳукумат  бовар кардан мумкин аст? Барои Раҳмонов рифоҳ ва саломатии аҳолӣ муҳим нест, ҳатто агар ҳамаи мо аз байн равем ҳам, Раҳмонов пул намедиҳад.  Агар мо миқёси мушкилоти ин бемориро  эътироф кунем, дар он сурат мардум набояд кор кунанд ва ин барои мақомот як даҳшат аст.  Барои дастгирии аҳолӣ, мубориза бо ин беморӣ ва табобат лозим меояд, ки Ҳукумат  маблағ ҷудо намояд.

Имрӯз сухан дар бораи беморхонаҳои пур аз маризон ва садҳо нафар беморон меравад, аммо мақомот то ба ҳол  танҳо вазъро мушоҳида мекарданд ва барои пешгирии он умуман чорае намедиданд. Акнун, пас аз он, ки аз СММ ҳамчун кӯмаки башардӯстона  ба Тоҷикистон як миқдор ваксинаи AstraZaneca- и истеҳсоли Ҳиндӯстонро, ки баъзе кишварҳои аврупоӣ аз он даст кашиданд, фиристод, мақомот аз аҳолӣ даъват карда истодаанд, ки фавран воксин гиранд. Аммо боз ҳам  маъракаи таблиғи воксин гузаронида намешавад, ба аҳолӣ чизе фаҳмонда намешавад. Ва чун ҳамеша, вақте ки  кишвар дар чунин вазъияти  душвор қарор мегирад, Раҳмонов нопадид мешавад, аз матбуот дӯрӣ ҷуста, хомӯш мемонад, вонамуд мекунад, ки гӯё ҳама чиз хуб аст ва ҳодисае рух надодааст.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза