14.1 C
Dushanbe
12.05.2024

Паёми табрикотии “Гурӯҳи 24” ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон


Паёми табрикотии “Гурӯҳи 24” ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон.

Моҳи Рамазон, ки беҳтарин ҳоли шумост,
Дар сайру сулуки Ҳақ пару боли шумост.
Нур аз салавот меситонад ин моҳ, 
Ин равшанӣ обрӯйи аъмоли шумост.

Ҳаммеҳанони гиромӣ!

Инак боз моҳи шарифи Рамазон, моҳи рӯза, моҳи розу ниёз бо Парвардигор,  моҳи ибодат, моҳи парҳез аз хуфту хӯр, моҳи баракат, моҳи раҳмат ва омӯрзиш фаро мерасад. 

Ин моҳ назди Худованд аз беҳтарин моҳҳо, рӯзҳояш аз беҳтарин рӯзҳо, шабҳояш аз беҳтарин шабҳо ва сооташ аз беҳтарин соатҳо аст. 

Дар ин моҳ мусалмонон бо ниятҳои рост ва дилҳои пок аз Аллоҳи бузург дархост мекунанд, ки онҳоро барои рӯза ва қироати Қуръони азимушшаън тавфиқ диҳад. Ва рӯзҳо бо рӯзаву шабҳо ба ибодат ҳидоят фармояд.

Дар ин моҳи бузург баъд аз баргаштани намозгоҳ ба хонаҳои якдигар рафта, дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагони якдигар мекунанд. Ҳамчунин дар ин моҳи муборак мусалмонон ба сари мазори гузаштагон рафта, дуо мехонанд, онҳоро ба некӣ ёд меоваранд, 
беморон ва солмандонро аёдат мекунанд, дилҳои худро аз кинаву кудурат пок мекунанд, гуноҳи ҳамдигарро мебахшанд,
ба фақирон ва мискинон садақа медиҳанд, сари ятимон ва хурдсолонро сила мекунанд.

Дар моҳи мубораки Рамазон Худованди бузург 8 дари Биҳиштро барои бандаги солиҳаш кушода, гуноҳони онҳоро мебахшад ва дарҳои раҳматро ба рӯяшон боз мекунад. Ҳамчунин дарҳои дузахро баста, Шаётин бо занҷирҳо баста мешаванд…

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳулули мубораки моҳи шарифи Рамазонро ба мардуми шарафманди кишварамон табрик гуфта, барои ҳар як сокини кишвар хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастиву имони комил ва саодати рӯзгорро орзу менамояд. Ва аз даргоҳи Илоҳӣ хоҳони онаст, ки тамоми мусалмонони рӯи олам ва билхусус Тоҷикистонро аввалан тавфиқи имони комил, тавфиқи шарму ҳаё, ҳалол хурдану пушидан ва панҷ вақт намоз дар вақташ гузориданро насибу рӯзи гардонад. Амин.

Халқи тоҷик тоҷ бар сар мекунад,
Боз ҳам худро мунаввар мекунад,
Аз қудумат файз аз бар мекунад,
Эй рамазон, марҳабо хуш омадӣ!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони гиромӣ!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза