12.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Баъд аз “Умед 88” навбати кист?

Аз боздошти роҳбари ширкати ” Умед 88″ – Раҷабалӣ Одинаев 9 рӯз сипарӣ шуд. Раҷабалӣ Одинаев дар ҳоле боздошт шуд, ки барои ширкат дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов бо соҳибкорон, ки дар торихи 14-уми октябр гузашт, даъват шуда буд. Чанд соат қабл аз баргузории нишаст хабар ёфт, ки Раҳмонов дар ин мулоқот аз ӯ ва ширкаташ ба шиддат интиқод хоҳад кард ва бо ин далел нагузоштанд, то ки дар мулоқоти Раҳмонов ширкат варзад ва як соат баъд аз интиқоди Раҳмонов Раҷабалӣ Одинаев аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуд ва бино ба хабарҳои дастрасшуда то имрӯз алайҳи Раҷабалӣ Одинаев бо чандин моддаҳои ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Таъқибу таҳдид ва зӯран гирифтани молу амволи тоҷирон аз тарафи наздикону фарзандони Раҳмонов дар Тоҷикистон падидаи тозае нест. Пештар аз “Умед 88” туҷҷори зиёде дучори ин машокил шудаанд. Онҳое, ки миёни мардум шӯҳрат доштанд ва чандин ҳазор коргар зери дасташон машғули кор буданд. Барои мисол метавон аз якчандтои он ном бурд, ки ҳанӯз ҳам мардум ва ҷомеа ба бегуноҳии онҳо бовар доранд. Аз ҷумлаи: Умаралӣ Қувватов муассис ва молики ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”, ки ахиран аз ҷониби домоди Раҳмонов – Шамсулло Соҳибов ғасб шуданд ва худи Қувватов ба хотири муборизаҳояш алайҳи ин ҳукумат ва ғосибин бо фармони Раҳмонов дар шаҳри Истанбули Туркиё ба шаҳодат расид, Бӯрҳон ва Санавбар Абдуллоевҳо, тоҷирон ва моликони бозори “Инъом” дар ноҳияи Шаҳритӯс, ки моликияти эшон аз ҷониби додарарӯсони Раҳмонов – Саъдуллоевҳо, ки бо шиори “номард бошу зинда бош” машҳӯранд, зӯран ғасб шуда, худи Бӯрҳон Абдуллоев зиндонӣ шуд, Зайд Саидов, яке аз доротарин ва машҳуртарини тоҷиронест, ки молу мулкаш мусодира шуда, худаш ба муддати 29 сол равонаи зиндон гашт, Абӯбакр Азизхоҷаев мудири ширкати “Дурнамо” ки ба 2.5 соли зиндон маҳкум шуд, “Диёр”, тоҷирони “Сӯм”, Низомхон Ҷӯраев, ки ахиран нопадид шуд ва боз садҳо тоҷире бо тиҷорати хурду бузург луқмаи ин ғосибон шудаанд.

Асрор ва асбобу авомили ин ҳама нобасомонӣ ва “шикастан”-и туҷҷор дар чист? Метавонем якчанд нуқтаро ба таври муфассал баён кунем. Аввал ин ки ҳукумати Тоҷикистон ба сабаби заъфу нотавонӣ ва бемасъулиятие, ки дар худ дорад, наметавонад мушкили ҷомеаро саривақтӣ ҳал кунад ва ба хостаҳои мардум расидагӣ намояд, бо вуҷуди ин чунон вонамуд мекунад, ки гӯиё ғамхори мардум аст ва барои ҳалли мушкилот рӯ ба тоҷирону соҳибкорон меорад. Ба шевае, ки гӯё ин ҳама масъулият бар дӯши соҳибкорон аст ва эшон ба кори худ расидагӣ намекунанд ва ҳукумат онҳоро муқассир медонаду аз онҳо ба ҷои ин ки дастгирашон бошад, сахт интиқод мекунад. Тоҷирон ва соҳибкоронеро, ки дар ҳалли мушкилоти ҳукумат саҳим ҳастанд ва корҳоеро анҷом медиҳанд, ки бояд ҳукумат анҷом диҳад, то ҷое бардурӯғ тавсиф мекунаду нишону медалҳои фахрӣ медиҳад ва ба дигар соҳибкорон нишон медиҳад, ки шумо ҳам бояд чунин “намуна” бошед.

Ҳамин ки тоҷире дар соҳаи тиҷорате муваффақ шуду пешрафт кард ва бо анҷоми корҳои некӯ ва ҳалли мушкилоти мардум миёни мардуми ҷомеъа аз мақому маҳбубияти хоссе бархӯрдор гашт, дар ин ҳол ҳукумат ӯро барои худ рақибе медонад ва вуҷуди ӯро хатар эҳсос мекунад ва бо ҳар роҳ дунболи нотавон кардани он мегардад. Чун Раҳмонов намехоҳад ҷуз худ, дигаре маҳбуби мардум бошад ва дӯст дорад, ҳамагӣ аз афсонаҳои пешво гуфтугӯ кунанд. Аз тарафи дигар пешрафти як тоҷир ва ё як шахсияти сиёсиро барои худ хатар медонад. Зеро чунин тоҷирон дорои чандин ҳазор коргаранд ва ҳукумат инро намехоҳад, мехоҳад ҳамагӣ зери назорати ҳукумат бошад. Яке аз дигар сабабҳои боздоштҳои тоҷирон ва ғасби дороиҳои онҳо вуҷуди решадори фасоду фасодкорӣ дар шохаҳои ҳукуматӣ мебошад. Бозиҳои рангине дар пешрафти ришвадиҳию ришваситонӣ вуҷуд дорад. Ҳаркӣ даромадаш бештар аст, бо вуҷуди андоз супурданаш, бояд ришва (доля) доданаш ҳам бештар бошад. Дар сурати камранг гаштани ришваҳояш, мақом ва пешрафташ ҳам камранг мегардад. Дар ин гуна бозиҳо вазорати Молия ва Гумрук нақши боризе доранд, ки оқибат ба муфлис шудани туҷҷор оварда мерасонад.

Ин равиш ҳам дар тақсими мансабҳои давлатӣ ба кор меравад. Масалан: барканории раиси бонки Миллӣ роҳе барои дарёфти ришва бо интисоби як раиси ҷадиди бонк метавонад бошад. Яке аз дигар омилҳои боздошти тоҷирон ва мансабдорони давлатӣ эҷоди зоҳирии бегуноҳии худи Раҳмонов мебошад. Бо боздошту маттаҳам кардани онҳо ба ҷурме ва ё муқассир донистани эшон дар амре мехоҳад ба мардум нишон диҳад, ки ҳой мардум, муқассир ва гунаҳкор ва садди пешрафт мана ҳаминҳоянд, ки аз давлат ва бонкҳо қарздоранд ва бо ин роҳ тақсири худ дар анҷоми умур ва бегуноҳии худро мехоҳад исбот кунад.

Омил ва сабаби дигари ин ҳама, тарвиҷи пайвандон ва хешовандони худ дар тиҷорат ва пок кардани роҳи онҳо аз садди рақибони дохилист. Бо муфлис кардани “Умед88” ва зиндонӣ кардани Раҷабалӣ Одинаев роҳ барои пешрафт ва яккатозии “Тоҷирон”-у “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов- домоди Раҳмонов , ки яке аз рақибони пештозаш “Умед88” буд, ҳамвор мегардад. Боздошт ва муфлис кардани тоҷирон ва дигар мансабдорони баландпоя бояд таҷруба ва дарсҳое барои дигар тоҷирон ва мансабдороне бошад, ки ба марҳамати Раҳмонов ва лутфи ӯ умед доранд ва барои садоқати худро ба ӯ нишон додан чӣ корҳое намекунанд. Вале бояд донанд, ки охири кори онҳо ҳам шабеҳи зиндагии ин рафиқонашон хоҳад буд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза