28.1 C
Dushanbe
14.05.2024

Таҳлили вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон дар суханронии Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар Конфронси САҲА дар Утриш


Таҳлили вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон дар суханронии Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар Конфронси САҲА дар Утриш.

Имрӯз, 14 март Конфронси солонаи САҲА дар пойтахти кишвари Утриш шаҳри Вена, ки ба озодии матбуот бахшида шудааст, ба кори худ идома дод. Ширкаткунандагони он дар мавзӯъҳои “Плюрализми ВАО ҳамчун санги зербинои демократия”, “Чаро бидуни озодии ВАО амнияти ҳамаҷониба вуҷуд надорад? ” ва ” Чӣ гуна озодии ВАО ба ҳар се ченаки САҲА таъсир мерасонад?” суханронӣ намуданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ин Конфронси бонуфуз намояндагони Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 ” ва намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ҳузур доранд.

Намояндаи Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 ” дар Иттиҳоди Аврупо Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар суханронии худ вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар Тоҷикистон озодии ВАО вуҷуд надорад ва рӯзноманигорон аз ҷониби режими Раҳмонов ба тариқи бераҳмона мавриди саркӯб қарор мегиранд. Ҳукумати худкома Васоити Ахбори Оммаро зери назорати худ гирифтааст.Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 7 рӯзноманигор ва блогнавис ба мӯҳлатҳои аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шуданд. Онҳоро ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ширкат дар ҷомеаҳои ифротӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ муттаҳам карданд. Худи маҳкумшудагон ба гуноҳи худ иқрор нашуданд ва ҳама иттиҳомотро рад карданд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар суханронии худ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ бо нақзи ошкори меъёрҳои байналмилалӣ ва қавонини Тоҷикистон баргузор мешаванд. Дар бораи ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба таври шаффоф иттилоърасонӣ намешавад ва ончи аз тарафи расонаҳои ҳукуматӣ гуфта мешавад, дурӯғ аст.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар давоми сухан гуфт, ки ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи Русия дар ҷанги Русия бо Укроин иштирок мекунанд, вале режими Раҳмонов намегузорад, ки касе дар ин бора сухан гӯяд.

Вақте Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор оиди ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Русия бо Укроин сухан мегуфт, намояндаи Тоҷикистон
эътироз намуда, талаб кард, ки суханронии Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор қатъ карда шавад. Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар ҷавоб ба ин амали намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки инҳо дар Тоҷикистон даҳони ҳамаро бастаанд, кифоят нест, ки боз дар чунин конфронсҳои бонуфуз мехоҳанд даҳони моро банданд.

Масъулони конфронс баъди ин суханони Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор муддати 4-5 дақиқа бо намояндаи Тоҷикистон дар канори толор сӯҳбат карданд.

Ин амали намояндаи Ҳукумати худкомаи Тоҷикистон исбот кард, ки озодии ВАО дар Тоҷикистон дар чи сатҳ қарор дорад ва бори дигар дар ҳузури намояндагони САҲА – ҳомиёни демократия ва озодии сухан
нишон дод, ки дар Тоҷикистон аз гуфтани сухани ҳақ чигуна метарсанд.

Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 “

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза