12.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Бо кадом рӯ падар ба писар мукофоти давлатӣ медиҳад?

Авлодикунонии давлат ва ҳукумат дар Тоҷикистон қуллаҳои нав ба навро фатҳ намуда, ҷаҳон аз он ангушти ҳайрат мегазад. Хадамоти матбуотии президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, ки матнҳояшро академики сараш холӣ аз илм – Абдулфаттоҳ Шарифзода менависад, рӯзи 30 август дар “Қасри миллат” Раҳмонов бо ҳамон титули дароз “ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд”.
Пас аз ин хадамоти матбуотии Раҳмонов мустақиман ба таври муфассал ба номбар кардани мукофотҳо ва ордену медалҳои давлатӣ мегузарад, ки ягонтои онҳо аслан дар Тоҷикистон сохта нашудааст. Ҳамаашро дар давлатҳои дигар фармоиш додагианд ё аниқтараш (Made in China) мебошанд. Бечора Тоҷикистони мо бо сабаби ноӯҳдабароии ҳокими давру ғосибаш медалу орден ҳам худаш сохта наметавонад.
Дар ҳамин хабар як нуқта хеле диққатҷалбкунанда аст, ки моҳияти ҳамин ҳокими ғосибро, ки худро ҳамчун пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба миллати тоҷик худсарона таҳмил карда, нишон медиҳад. Дар ин хабар номи ҳеҷ яке аз ононе, ки ба онҳо мукофоти давлатӣ супорида шуд, зикр наёфтааст. Ба ғайр аз як нафар истисное, ки ба қиссаи ӯ баъдтар боз бармегардем. Ин чиро нишон медиҳад?
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои Раҳмонов миллати тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки ба ин ҷоиза ноил гаштанд, дар асл ягон арзиш надоранд. Барои ӯ ҳамаи онҳо як тӯдаеанд, ки муҳимтарин вазифаи онҳо, аз назари ӯ ғуломи ҳалқабаргӯш будан аст. Барои ҳамин, ӯ лоиқ намедонад, ки номҳои онҳоро номбар кунад. Вале номи оҳанпораҳо ва коғазпораҳои худро, ки ҳамчун мукофоти давлатӣ ба мардум месупорад, ҳамаашро номбар кард. Яъне барои ӯ сангу оҳану коғаз аз инсон, хусусан, агар ин инсон тоҷик бошад, хеле болотар меистад.
Ҳоло бошад, ба қиссаи зоти истисно мегузарем. Хонандагон ба фикрам пай бурданд, ки мақсад аз он зот писараш Рустамбой аст. Бале, бар акси дигарон, номи Рустамбой дар худи ҳамон хабар бо дабдабаю тумтароқии хоси хабарҳои хадамоти матбуотии Раҳмонов зикр шудааст. Раҳмонови калонӣ ба Раҳмонови хурдӣ ордени баландтарини “Зарринтоҷ” дод. Дар хабар зикр шудааст, ки: “Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардид”.
Акнун биёед бо ҳам фаъолияти “арзандаву самараноки” Рустамбойро дида бароем.
Оё фаъолияти ӯ дар ҳақиқат арзандаву самаранок буд? Рӯзи 30-уми ноябри cоли 2013 Раҳмонов писари эркааш – Рустамбойро, ки бисёртар ба фоҳишабозӣ, қиморбозӣ ва нашъамандӣ машҳур буд, якбора ба вазифаи сардори Хадамоти Гумрук таъйин мекунад. Вале дере нагузашта, ӯро аз вазифа гирифта, ба вазифаи дигар мегузаронад. Сабаб?
Сабаб он буд, ки Рустамбой аз уҳдаи кор набаромад ва натавонист ҷамъоварии боҷҳои гумрукиро дар ҳаҷми пурра таъмин кунад. Дар пеш маҷлиси ҷамъбастии солонаи ҳукумат ҳам наздик буд. Охир Раҳмонов наметавонист, ку писари эркаи худро дар маҷлиси ҳукумат дар назди вазирону кабирон сарзаниш ё танқид кунад. Аз ин сабаб ӯро саривақт сабукдӯш кард ва ба ҷояш падари ҷӯраи Рустамбойро таъйин кард ва дар ҳамон маҷлиси ҳукуматӣ тамоми танқиди Раҳмоновро ба ҷои Рустамбой роҳбари нави хадамоти гумрук – Абдулфаттоҳи ғоиб шунид.
Баъд аз ин, ки дар ин байн рутбаи генералиро ҳам соҳиб мешавад (ягон рӯз дар артиш хидмат накарда), Рустамбой бо фармони падараш роҳбари Агентии мубориза бо коррупсия мешавад. Магар худи ҳамин таъйин коррупсия ва фасод нест?
Натиҷаи фаолияти Рустамбой дар ин вазифа чӣ буд, ба фикрам ҳоҷат ба баён нест. Дар замони роҳбарии Рустамбой дар ин ниҳод коррупсия ба авҷи аъло мерасад. Ҳамаи шумо дастгир шудани гурӯҳи калони мансабдорони радаи болои агентиро аз тарафи КДАМ дар ёд доред, ки дар хонаю таҳхонаҳояшон миллинҳо долар пул ёфта шуд. Ин ҷо ба фикрам Ятимов ба Раҳмонови калонӣ як бори дигар сигнал дод, ки писараш қобилияти роҳбариро надорад.
Ва дар охир барои ҳамин “хидматҳои арзандааш” Раҳмонов писари ноуҳдабарорашро рӯзи 4-уми апрели соли 2017 ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъйин мекунад. Вале Раҳмонов медонист, ки Рустамбой ба кори дуруст ношоям аст.
Бо вуҷуди ин, Раҳмонов бо киноя ва танз ва забони хоси худаш дар хитоб ба писараш, дӯст ва рафиқи пешини худ – Муҳаммадсаид Убайдуллоевро маломат карда мегӯяд: “Бачам, ман дидаю дониста туро ба ин вазифа гузоштам, чун ту гушна нестӣ”!
Дар баробари барканорию таҳқири дӯсташ, боз чӣ кор мекунад? Дуруст, тамоми вазорату идораҳо, корхонаҳо, вилояту ноҳияҳоро маҷбур мекунад, ки аз ҳисоби худ дар Душанбе чизе бисозанд ё ҷоеро таъмир кунанд. Ба иборати дигар, боз аз ҳисоби мардуми бечораи Тоҷикистон Душанберо обод карда, онро хидмати Рустамбой эълон карданд ва аз тариқи радио ва телевизион 24 соат ба мардум талқин мекунанд, ки ин ободӣ маҳз ба туфайли Рустамбой аст. Вале дар асл ягон нақши Рустамбой дар ин ҷо нест. Ӯ ҳатто як тинашро сарф накардааст. Тамоми ин майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, роҳҳо ва ғайраро аз ҳисоби дигарон сохтанд. Сокинони Душанберо маҷбур месозанд, ки аз пули худ рӯи биноҳои дар он истиқоматмекардагиашонро рангубор кунанд. Ин албатта аслан вазифаи шаҳрдорӣ аст, на мардуми бечора.
Чанд рӯз пеш, Рустамбой бо падараш боғи кули ҷавононро мекушояд, ки ин боғро Қоҳир Расулзода ба пули худ сохта аст. Ба қавли мисоли халқӣ “ба номи кию ба коми кӣ”! Вале дар айни замон аксари деҳаҳои Тоҷикистон роҳи дуруст надоранд, оби тозаи нӯшиданӣ надоранд, барқ надоранд, мактабу беморхонаи дуруст надоранд. Ана дар ҳамин хел ҷоҳо бояд пеш аз ҳама пули давлат сарф шавад.
Ин аст, мухтасаран фаъолияти ба ном арзанда ва пурмаҳсули Рустамбой, ки падараш мехоҳад пас аз худ ӯро дар тахти президентӣ шинонад.
Дар байни гирандагони мукофотҳои давлатӣ чанд дузду ҳарромхӯри дигар, ба чашм расиданд. Яке аз онҳо қаҳрамони асосии диссернет – Асадулло Раҳмонов, ёрдамчии Раҳмонов дар масъалаҳои кадрӣ аст. Ба назар мерасад, ки Раҳмонов аз рақси ин ёрдамчиаш дар Тошканд ва асардуздиаш розӣ монд. Дар омади гап, тамоми тарҳҳои вазифафурӯшӣ, унвону мукофотфурӯшӣ аз тариқи ҳамин Асадуллои асардузд дар боло амалӣ мешаванд. Асадуллое, ки пеш аз роҳ ёфтан ба дарбор, таксиронӣ мекард.
Хулоса, ҳамон рӯз Раҳмонов ба як идда намояндагони Ӯзбекистон ҳам мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро медиҳад. Дар ин ҷо хадамоти матбуотии ӯ ҳамаи намояндагони Ӯзбекистонро як ба як номбар мекунад. Ин исботи дигари он аст, ки барои Раҳмонов бегонагон нисбати мардуми худӣ аҳамияти бештар доранд. Барои Раҳмонов бегонагон ва фарзандони худӣ ном доранд, аммо фарзандони Тоҷикистон ном надоранд, як тӯдаи гушнаанд!

Нуриддин Ризоӣ

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза