20.1 C
Dushanbe
10.05.2024

Кори сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” пас аз ҳамлаи ҳакерӣ барқарор гардид.

Кори сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ пас аз ҳамлаи ҳакерӣ барқарор гардид.

Чанде пеш сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 “, шабакаи Ютуби он, барномаҳои ” Садои мардум ” ва ” Ҳақ ва ботил” мавриди ҳамлаҳои ҳакерӣ қарор гирифтанд.

Бори аввал нест, ки расонаҳои мо дучори чунин амали ғаразноки бадхоҳон қарор мегирад.

Ин дафъа низ дар навбати аввал расонаҳои ” Садои мардум “, ” Ҳақ ва ботил ” ва шабакаи Ютуб, барқарор шуданд.

Инак, пас аз заҳматҳои шабонарӯзии мутахассисон ниҳоят фаолияти сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 ” низ барқарор гардид.

Мо хуб медонем, ки дар паси ин ҳамлаҳо кӣ қарор дорад. Аммо, сарфи назар аз ягон монеа ва ё таҳдид, Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 ” муборизаи одилонаи худро алайҳи режими диктатории Раҳмонов идома медиҳад.

Ин ҳодиса бори дигар собит мекунад, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем ва фаолияти мо дар самти бедории мардум ва ифшо намудани ҷиноятҳои ин режими худкома Раҳмоновро бетараф намегузорад.

Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 ” аз хонандагон ва бинандагон барои каме тӯл кашидани кори барқарорсозии сомона узр мепурсад ва барои таваҷҷуҳашон нисбат ба расонаҳои мо сипосгузор аст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза