25.1 C
Dushanbe
25.07.2024

Тарҷумаи ҳоли Умарали Қувватов

Асосгузори ҳаракати Гурӯҳи 24 Қувватов Умарали Иззатович, 21 ноябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада дар ятимхона ба воя расидааст.

Қувватов ихтисосашро ҳамчун пардоздеҳ оғоз кардааст. Дертар ӯ тиҷорати шахсиашро дар соҳаи хамлу нақли гази моеъ ва масолеҳи сохтмонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон шурӯъ кард.

Соли 2003 Қувватов ширкати “Тоҷирон”-ро барои кашонидани нафту газ поягузорӣ ва минбаъд 10 сол ин ширкатро идора кард. Боз лоиҳаи умумиҷаҳонии “Голд Тур Транс” барои хамлу нақли нақлиёт, “Нуқтаи ташхиси автомобилӣ” барои ташхиси техникии нақлиёт, корхонаи хишти пухта, қубургузаронӣ аз миёни дарёи Панҷи Поён, расонидани гази моеъ ва дигар маҳсулотҳои нафтиро ба Афғонистон такмил додааст.

Қувватов бо Шамсулло Соҳибов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 2001 то 2012, оид ба бурдарасонии Сӯзишворӣ барои ташкилоти ҳарбии НАТО ба Афғонистон ҳамкории зич дошт.

Баъд аз низоъу ҷанҷол бо Шамсулло, Қувватов ба хориҷа ҳиҷрат намуда мухолифи ҳукумат мешавад. Қувватов гуфта буд, ки Ватанро бо сабаби таъқиби ӯ аз ҷониби роҳбарияти кишвар, тарк намудааст.

Ӯ соли 2012 аввалан ба шаҳри Маскав рафта баъд соли 2013 ба шаҳри Дубай (Иморатҳои Муттаҳидаи Араб) сафар мекунад ва ҳамонҷо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон зиндонӣ мешавад. Пас аз 10 моҳи паси панҷара, новобаста аз дархостҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон, ки талаби интиқолашро ба кишвар мекарданд, озод мешавад. Пас аз озодшавӣ, Қувватов ба Туркия сафар карда моҳи ноябри соли 2014 ҳамроҳи се нафар ҳамсафонаш ба хотири риоя накардани қонуни зист ба маҳбас кашида мешаванд ва пас аз як ҳафта боз озод мешавад.

Қувватов роҳбари ҳаракати оппозитсионии Гурӯҳи 24 буд, ки соли 2012 аз ҷониби худи ӯ ташкил шуда буд.

Дар Тоҷикистон Қувватовро бо парвандаҳои қалбакӣ ба қаллобӣ ва аз худ намудани молу мулки дигарон гӯнаҳкор карда буданд.

9-уми октябри соли 2014 Суди Олии Тоҷикистон ҳаракати Гурӯҳи 24, ки сардориашро Умарали Қувватов бар ӯҳда дошт, ҳаракати экстремистӣ эълон намуда фаъолияташро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ кард.

Умарали Қувватов 5-уми марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия ба қатл расонида шуд (ба назари мо ин куштор аз ҷониби органҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст).

Умарали Қувватов, ҳамсари Қумриниссо Ҳафизова буд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза