16.1 C
Dushanbe
06.11.2024

Мардуми Казокистон ба муқобили диктатураи ҳокимият эътироз мекунанд!

 Чанд рӯз аст, ки мо ҳаводиси Қазоқистонро бодиққат пайгирӣ мекунем, ки шаҳрвандонаш даст ба чораҳои ниҳоӣ задаанд, то ниҳоят мақомот онҳоро бишнаванд.

Эътирозҳо рӯзи 2 январ оғоз шуда, ба далели боло рафтани қимати гази моеъ – сӯзишвории мошинҳои аксари сокинони кишвар доир гардиданд.
Аммо, тавре рӯйдодҳои баъдӣ нишон доданд, сабаби эътирозҳо, ки то 4-уми январ алакай бештари қаламрави кишварро фаро гирифта буд ва ба гуфтаи коршиносон, бузургтарин тазоҳуроти тамоми таърихи муосири Қазоқистон аст, норозигии рӯзафзуни аҳолӣ аз вазъи иқтисодӣ мебошад. Диктатори ивазнашаванда Назарбоев, ки соли 2019 расман курсии президентиро тарк кард, дар сари қудрат монд ва ба “пешвои миллат” табдил ёфт. Наздикони сершумори Назарбоев аз ҳисоби сарватҳои аҳолии Қазоқистон зиндагиро идома медиҳанд, бо омадани Тоқаев чизе тағйир наёфт, режим ҳамон хел боқӣ монд. Одамон имконият надоранд, ки ба ҳаёти сиёсӣ ва мутаносибан ба ҳаёти худ таъсир расонанд. Сокинони аз ин вазъият ноумедгаштаи Қазоқистон ба тазоҳуроти осоишта шурӯъ карданд ва дарк намуданд, ки ин ягона имкони тағир додани вазъ ва расонидани садои худ ба мақомот аст.

Рӯзи 5 январ эътирозгарон ба талабҳои иқтисодӣ талабҳои сиёсӣ илова карданд: истеъфои ҳукумат, президент ва интихоботи пеш аз муҳлат.
Қазоқистон дар санад як давлати демократӣ буда, Конститутсияи ин кишвар ба шаҳрвандон ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта ва озодии баёнро кафолат додааст. Аммо ҳукумати худкома бо дидани таҳдид ба мавҷудияти худ тасмим гирифт, ки алайҳи мардуми эътирозгараш аз нерӯ истифода кунад. Шоми 5 январ раисиҷумҳури Қазоқистон Тоқаев аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) кӯмак хост ва мардуми осоиштаи эътирозиро “гурӯҳҳои террористӣ” номид, ки гӯиё дар хориҷа омӯзиш дидаанд ( ин аллакай дахолати хориҷӣ ба умури давлат аст) ва ба истиқлолият, якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии мамлакат таҳдид мекунад. Тоқаев ба чунин ҳилагарӣ даст зад, зеро саркӯб кардани эътирозҳои осоишта коре нест, ки ба кӯмаки СПАД ниёз дошта бошад.

Субҳи барвақти рӯзи 6 январ мақомот “амалиёти зиддитеррористӣ”-ро бо истифода аз силоҳи низомӣ оғоз карданд, ки дар натиҷаи ин амалиёт даҳҳо нафар кушта ва беш аз ҳазор нафар захмӣ шуданд. Рӯзи 6 январ нерӯҳои посдори сулҳи СПАД вориди Қазоқистон шуданд. Тибқи иттилои расмӣ, Русия ба Қазоқистон – 3 ҳазор, Арманистон – 70, Тоҷикистон – 200, Белорус – 500 сарбоз фиристодаанд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” тасмими СПАД, аз ҷумла Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи кӯмак ба мақомоти Қазоқистон дар саркӯби эътирозҳои осоиштаро шадидан маҳкум мекунад. Ин метавонад ба муносиботи дӯстонаи мардуми ин ду кишвар халал ворид кунад ва бехатарии садҳо ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷикистониро дар Қазоқистон зери хатар гузорад. Баъдан агар кӯмак ба яке аз аъзо аз шартҳои Оинномаи СПАД бошад, пас чаро нерӯҳои ин созмон ба Арманистон, ки зери таҷовузи кишварҳои бегона қарор гирифта буд, фиристода нашуд?

Раҳмонов ба умеди он ки худаш ҳаргиз ба ин гуна кӯмаки аъзои СПАД эҳтиёҷ нахоҳад дошт, низомиёни тоҷикистониро бечунучаро ба Қазоқистон фиристод.
Барои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ва тамоми мардуми Тоҷикистон воқеаҳои дар Қазоқистон рӯйдода аҳаммияти калон доранд ва дар дилҳо умед мебахшанд. Сокинони мамлакати мо низ дар зери зулми режими авторитарӣ зиндагӣ мекунанд.


Мо мардуми далери Қазоқистонро дар тасмими изҳори норозигии худ аз ҳукумати худкома тариқи эътирозҳои осоишта дастгирӣ мекунем. Барои мо ҳодисаҳои рӯзҳои ахир дар Қазоқистон як таҷрибаи арзишманд аст, мо бояд воқеаҳои рухдодаро таҳлил кунем, аз хатогиҳо дарси ибрат гирем ва аз он таҷрибаи мусбат биомӯзем.

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза