20.1 C
Dushanbe
14.05.2024

Иштироки намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар Иҷлосияи САҲА дар Утриш


Иштироки намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар Иҷлосияи САҲА дар Утриш.

Имрӯз дар шаҳри Вена, пойтахти кишвари Утриш Иҷлосияи солонаи Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба кори худ оғоз кард. Ин Иҷлосия, ки рӯзҳои 13 ва 14 март доир мегардад, ба мавзӯи “Озодии матбуот” бахшида шудааст.

Дар Иҷлосия намояндагони кишварҳои гуногун вазъи озодии матбуотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Дар ин нишаст Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” дар Утриш Хурсандҷон Наҷмиддинов, ва дигар аъзоҳои фаъоли ин гурӯҳ Қурбоналӣ Зуҳуров ва Хайрандеш Ғоибов таҳти раҳбарии Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор намояндаи “Гуруҳи 24” дар Иттиҳоди Аврупо, намояндагӣ мекунанд.

Дар фурсатҳои муносиб хонандагонро
аз ҷараёни ин нишасти муҳими байналмилалӣ ошно хоҳем кард.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза