15.1 C
Dushanbe
13.04.2024

24 июли соли 2022   аз фоҷиаи Хоруғ даҳ сол сипарӣ шуд

Расо даҳ сол пеш, 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ҳодисаи фоҷиаборе рух дод, ки боиси марги даҳҳо нафари бегуноҳ гардид. То кунун касе аз омилони ин ҳодиса ба ҳабс гирифта нашудааст, тафтишот ва адолати судӣ сурат нагирифтааст ва барои хуни рехтаи мардуми бегуноҳ касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ҳама онро «амалиёти ҳарбӣ» номиданд, ки мақсад аз он гӯё ҳифзи якпорчагии давлат буд. Аммо имрӯз ба ҳама маълум аст, ки он вақт низомиён на манфиати давлат, балки манфиати як нафар — Раҳмоновро ҳимоя мекарданд. Вай метарсад, ки қудратро аз даст диҳад ва барои нигоҳ доштани ҳокимият ба ҳама амал, аз ҷумла куштани одамон қодир аст. Худи Раҳмонов ҳаргиз ғараз ва эҳсоси худро пинҳон накардааст ва ҳамеша такрор мекунад: «Бо хун омадем, бо хун меравем»! Бале, ӯ аз сиёсат рафтани худро ҳамин тавр тасаввур мекунад.

Амалиёти вижаи низомӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар шаҳри Хоруғ аз қабл тарҳрезӣ шуда буд ва дар чанд соат ҳудуди 3 ҳазор сарбозу афсар ба он ҷо ҷамъ омада, бидуни огоҳии пешакӣ шаҳрро муҳосира ва ҳамла карданд. Танҳо тибқи маълумоти расмӣ дар ҷараёни амалиёти вижа 23 ғайринизомӣ, 30 ҷангҷӯ кушта ва беш аз 40 нафар боздошт шуданд. Аммо ин маълумотест, ки ба сокинони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа гардид. Вале мо ҳеҷ гоҳ ҳақиқати ҳолро нахоҳем донист. Сабабгори он ҳодисаҳо худи Раҳмонов аст. Ҳодисаҳои фоҷиабори 10 сол пеши Хоруғ ҷузъе аз генотсиди ошкори мардуми худамон аз ҷониби режим чизе беш нест.

Ва бадтарин чиз ин аст, ки дар зарфи 10 соли охир вазъият тағйир наёфтааст! Раҳмонов ҳеҷ гоҳ дарду дархости мардумро нашунида буд ва  ҳам намешунавад. Вай масъалаҳоеро, ки боиси ҳодисаҳои фоҷиавӣ гардиданд, ҳал намекунад, балки ба куштани одамони норозӣ ва ноумедшуда идома медиҳад. Мардуме, ки дар фақр зиндагӣ карда наметавонанд ва ба худсарии мансабдорони маҳаллӣ тоқат мекунанд. Вай бо ваҳшонияти беш қудрати худро аз одамони бесилоҳ муҳофизат мекунад.

  Даври нави муноқишаи Раҳмонов бо сокинони ВМКБ дар моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт ва  тазоҳуроти осоишта боз пахш карда шуд, низомиён ба сӯи издиҳоми бесилоҳ, ки дар он ҷо занону кӯдакон буданд, бераҳмона тир холӣ карданд. Боз одамони бегуноҳ ба қатл расиданд. Маълум нест, ки боз чи қадар одамони бегуноҳ қурбони зулми ин диктатори хунхор мешаванд?

   Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар фаъолияти худ ҳамеша ба Раҳмонов аз ҷиноятҳои кардаи  ӯ зидди халқаш ёдовар хоҳад шуд. Имрӯз мо бояд хотираи ҳамаи қурбониёни фоҷиаи Хоруғ, ҳамаи онҳоеро, ки дар мубориза барои озод намудани кишвар  аз режими истибдодии Раҳмонов ҷони худро аз даст доданд, ёдовар шавем ва пос дорем.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза