30.1 C
Dushanbe
13.05.2024

Раҳмонов қасди Шерзод Маҳмадҷоновро  аз модараш мегирад

  То ҳол дар бораи сарнавишти Шоҳида Маҳмадҷонова, ки рӯзи 3 феврал ба шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар Ваҳдат рафта, нопадид шуд, чизе маълум нест. Ахиран дар сайти мо матлабе нашр шуд, ки саркӯб ҳамчун василаи асосии аз байн бурдани мухолифин аз ҷониби реҳими истибдодии Раҳмонов истифода бурда мешавад. Ва мутаассифона, боз ба ин мавзӯъ бармегардем.

Зани гумшуда модари Шерзод Маҳмадҷонов-як блогнависи тоҷик аст, ки дар Олмон ба сар мебарад ва бо интиқодҳояш аз сиёсатҳои Раҳмонов дар арсаи динӣ маъруф аст. Наздикони блогнавис дар Тоҷикистон муддати тӯлонӣ таҳти фишори мақомот қарор доштанд, то ӯро маҷбур созанд аз интиқод даст кашида, ба Ватан баргардад.

Бояд гуфт, ки тақрибан ду сол пеш Шоҳида Маҳмадҷонова, ки дар бемористони марказии шаҳри Ваҳдат  кор мекард ва 18 сол собиқаи корӣ дошт,  маҷбур шуд, ки “бо хоҳиши худ” аз кор равад, яъне аз кор ронда шуд. Он замон ӯ борҳо дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  бозпурсӣ шуда буд.

Моҳи январи соли ҷорӣ низ ин зан дар ВКД борҳо бозпурсӣ шуда, ҳамзамон телефони мобилияш мусодира гардид. Рӯзи 2 феврал ба Шоҳида Маҳмадҷонова занг зада гуфтанд, ки омада телефонашро бигирад. Рӯзи дигар вай ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат рафта, ғайб зад ва дигар бо наздиконаш тамос нагирифт.

Мақомоти маҳаллӣ ин вазъро шарҳ намедиҳанд ва ба  хешовандон ва дӯстонаш низ намегӯянд, ки Маҳмадҷонова дар ШВКД аст ё не. Маълум аст, ки дар бораи ҳабси шаҳрванд Маҳмадҷонова қарори додгоҳ вуҷуд надошт. Бори дигар мо шоҳиди он мешавем, ки Раҳмонов нисбат ба мунаққидонаш бераҳм аст, бо ҳар роҳу восита онҳоро саркӯб ва нобуд мекунад. Дар Тоҷикистон ҳамарӯза меъёрҳои ҳуқуқӣ поймол карда мешаванд ва барои мақомот умри инсон арзише надорад. Чунин ҳодисаҳои мудҳиш дар пеши назари мардуми кишвар ва аҳли олам рух медиҳанд. Гунаҳкоронро бошад, ба ҷавобгарӣ кашидан ғайриимкон аст, зеро дар Тоҷикистон волоияти  қонун вуҷуд надорад, балки танҳо ҳокимияти мутлақи Раҳмонов ҳукмфармо аст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз мардум, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар даъват ба амал меорад, ки дар қазияи нопадид шудани шаҳрванд Шоҳида Маҳмадҷонова бетараф набошанд ва садои эътирози худро ба мақомоти кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд. Зеро бетарафӣ ва хомӯшӣ боис мегардад, ки режими худкомаи Раҳмонов бо чунин василаи ғайриқонунӣ, ноҷавонмардона ва палиди худ ба саркӯб намудани  мухолифин ва мунтақидонаш идома диҳад.

 

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза