12.1 C
Dushanbe
06.05.2024

Ҳамоиши аъзои “Гурӯҳи-24” дар Олмон дар пуштибонӣ аз ҳалли одилонаи қазияҳои паноҳҷӯёни сиёсӣ

 Дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Аврупо теъдоди зиёди паноҳандагони тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд ва худро узви ҷомеаи ин кишварҳо меҳисобанд. Дар баробари ин, баъзе аз паноҳҷӯён ҳангоми дарёфти мақоми паноҳандагӣ ба монеаву мушкилоти зиёде дучор меоянд. Чанде қабл мақомоти кишвари Олмон ва бархе аз кишварҳои Аврупо ба дархости як теъдод аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикистонӣ дар бораи додани паноҳандагӣ ҷавоби рад доданд. Ин рӯйдод, ки метавонад ба истирдоди ин муборизин ва мухолифин ба Тоҷикистон сабаб гардад, дар баъзе аз маворид аз ноодилона баррасӣ гардидани қазияҳо гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҳамин робита имрӯз, 7 октябри соли 2021, соати 11 дар рӯ ба рӯи Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати корҳои дохилии Олмон воқеъ дар шаҳри Кёлн ҳамоиши аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз баррасии мунсифонаи қазияҳои муборизин ва мухолифони сиёсии тоҷикистонӣ баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 30 нафар иштирок карданд.

Иштирокчиёни ин ҳамоиш бо дар даст доштани овезаҳо ва шиорпартоиҳо аз Ҳукумати Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талаб намуданд, ки дар таҳқиқ ва аз нав баррасӣ намудани қазияҳои мухолифин ва паноҳҷӯёни сиёсӣ ба адолат ва қонунҳои байналмилалӣ такя намоянд ва аз истирдоди ғайриқонунии онҳо ба Тоҷикистон, ки метавонад фишору шиканҷа ва зиндон дар пай дошта бошад, пешгирӣ намоянд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза