17.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Соли нави таҳсил муборак бошад!

 Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил  чун анъана аз 1 сентябр оғоз мешавад. Имсол  дар саросари кишвар наздики 240 ҳазор кӯдак бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузаранд ва мо содиқона умедворем, ки соли таҳсил барои онҳо завқовар  ва пурсамар хоҳад буд. Кӯдакон бояд аз мактаб рафтан хушҳол бошанд ва волидон набояд дар бораи он фикр кунанд, ки барои таҳсиле, ки бояд ройгон бошад,  аз куҷо пул пайдо кунанд. Дар ҳама гуна ҳукумати муқаррарӣ бояд ҳамин тавр  бошад. Охир, таълими босифат ва дастрас гарави шукуфоӣ ва рушди давлат аст.

Роҳбарияти кунунии кишвар барои соҳаи маориф маблағи кофӣ ҷудо намекунад, ҳама чизро ба дӯши волидон вомегузорад. Раҳмонов дар бораи ояндаи Тоҷикистон парвое надорад, ӯ дар бораи ояндаи наздиконаш ғамхорӣ мекунад. Ҳар сол волидон таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба тамаъҷӯии мунтазами ғайриқонунӣ дар мактабҳо, ба таҳсилоти воқеии пулакӣ дар кишвар ҷалб мекунанд. Ҳар сол пеш аз 1 сентябр волидонро на ҳаяҷони шодӣ, балки ташвиши тарафи молиявии оғози соли хониш фаро мегирад. Дар кишвар бекорӣ ҳукмрон аст ва маош бошад ночиз  ва  мардуме, ки Раҳмонов ба чунин ҳолати фақр расонидааст, бояд тамоми низоми маорифи давлатиро таъмин кунад. Аммо ин ҳамаи масъала нест,  агар одамон пинҳонӣ  барои таҳсиле, ки бояд ройгон бошад, пул  пардохт кунанд, пас  онҳоро то ба охир ба осонӣ метавон ғорат кард.

Чанд сол пеш мақомот дар кишвар либоси ягонаи мактабиро ҷорӣ карданд, гуё, ки ин ҷо ҷинояте  вуҷуд надорад, аммо волидон вазифадоранд, ки ин  либоси  ягонаро аз як мағоза ва аз як истеҳсолкунандаи мушаххас харанд, ки нархи ин либос нисбат ба арзиши аслияш се маротиба гаронтар аст. Арзиши маълумотномаҳои тиббӣ барои  қабул ба  мактаб бошад,  боло рафтанд, дар ҳоле ки ҳамаи табибон бачаҳоро барои ташхис  ба як озмоишгоҳи   “маъруф” мефиристанд.

Мансабдорони ҳама сатҳҳо  он чӣро, ки  Раҳмонов  ба дигарон раво  мебинад, дида истода, бо овози баланд дар бораи хизматҳои президент  суруд мехонанд ва ҳамон корро анҷом медиҳанд. Фасод  ҳама зинаҳои  ҳукуматро печида гирифтааст ва мардуми оддӣ аз он азият мекашад. Соҳаи маориф кайҳо боз ба ислоҳот, барномаҳои нави муосир, китобҳои дарсӣ, таҷҳизот ниёз дорад, аммо то он даме, ки дар ҳама зинаҳои ҳукумат ашхоси ноқобиле, ки танҳо дар бораи суди худ фикр мекунанд, фаъолият менамоянд, дар ин соҳа  чизе тағйир нахоҳад ёфт. Вале мо боварӣ дорем, ки ҳамаи ин мушкилиҳо муваққатӣ буда, мардуми мо сазовори ояндаи дурахшон ва таҳсилоти босифати фарзандони худ ҳастанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” падару модарон, кӯдакон ва омӯзгоронро бо оғози соли нави таҳсил самимона табрик намуда, барояшон дар роҳи дониш муваффақият, матонат ва шодмонӣ таманно дорад!

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза