9.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Ҳамоиши аъзои “Гурӯҳи-24” ва тоҷикистониёни муқими Олмон дар шаҳри Зирндорф (Zirndorf)


Ҳамоиши аъзои “Гурӯҳи-24” ва тоҷикистониёни муқими Олмон дар шаҳри Зирндорф (Zirndorf)

Имрӯз, 6-ноябр, аз соати 11:00 то 13:00 дар шаҳри  Зирндорф (Zirndorf)-и кишвари Олмон дар робита ба қазияи узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Билол Қурбоналиев ва дифоъ аз ҳуқуқи ӯ ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Билол Қурбоналиев  24 октябри соли равон аз ҷониби пулиси Олмон боздошт шуд ва ӯро хатари истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Дар ин ҳамоиш аъзои Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи-24” ва тоҷикистониёни муқими кишвари Олмон иштирок карданд. Ширкаткунандагони ҳамоиш бо акс ва шиорҳои мазмунашон дифоъ аз ҳуқуқи узви Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи-24” Билол Қурбоналиев саф ороста, бо суханрониҳои худ аз мақомоти Олмон дархост намуданд, ки Билол Қурбоналиев озод карда шавад, зеро дар сурати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ӯро боздошту шиканҷа ва зиндон интизор аст.

Дар ҳамоиш аъзои фаъоли “Гурӯҳи-24” Беҳрӯз Тағойзода, Дилшод Шарифов, Холиқов Холназар, Муҳаммадҷон Абдуллоев ва дигарон суханронӣ карданд. Узви фаъоли ҳаракат Муҳаммадҷон Абдуллоев Баёнияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”-ро қироат намуд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза