13.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 30-соли президенти авазнашаванда

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 30-соли президенти авазнашаванда.

Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон “Рӯзи Президент” ҷашн гирифта мешавад.

 Таҷлили ҷашнҳо аз қабили Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчам ва Рӯзи Президент барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги гузаштагон муҳим аст.

Аммо дар Тоҷикистон режими Раҳмонов то ҳол аз чунин ҷашнҳо танҳо барои таҳкими пояҳои низоми истибдодии худ истифода мебарад. Агар ба таърих рӯ оварем, мебинем, ки нахустин Президент дар Тоҷикистон  24 – ноябри соли 1990 интихоб гардид, ки ӯ  Қаҳҳор Маҳкамов буд .
Вале мо ин санаро фаромӯш кардаем ва 16 – ноябрро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегирем. Гап дар сари он аст, ки Раҳмонов соли 1992 маҳз дар ҳамин рӯз ба қудрат расид ва баъдан, 16 – ноябри соли 1994 бори нахуст раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. Тавре ки расонаҳои давлатӣ имрӯз менависанд:  “Таъсиси ин ҷашн таъкид ба нақши муҳими Сарвари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст”. Яъне дар Тоҷикистон 16- ноябр на Рӯзи Президент, балки рӯзи Раҳмонов аст ва инро касе пинҳон намедорад.

Дар тамоми дунё, дар кишвархое, ки Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, дар ин рӯз танҳо аз дастовардхои демократия сухан мегӯянд,  аз он ифтихор  мекунанд, ки имрўз Президентро мардум интихоб мекунад ва Президент бошад, танҳо як мансабдори аз ҷониби  мардум интихобшуда, ифодакунандаи иродаи мардум мебошад. Дар бораи комёбиҳои шахсии одамоне, ки ин мақомро ишғол кардаанд ва бо вежагиҳои худ барои рифоҳи кишвар хидмат кардаанд, чизе гуфта намешавад.

 Дар Тоҷикистон бошад, дар ин рӯз танҳо Раҳмонов ва дастовардҳои эҳтимолии ӯ ситоиш карда мешаванд. Аммо ин муваффақиятхо хеле шубҳаноканд. Масалан, дар зарфи сӣ сол дар Тоҷикистон чӣ корҳои хубе анҷом шуд? Ба таври хулоса, натиҷаи ҳукмронии 30-солаи Раҳмонов чунин аст: иқтисодиёти кишвар дар ҳолати ногувор қарор дорад, аҳолӣ дар остонаи фақр қарор дорад, дар ҳоле ки хонаводаи Раҳмонов ва ақрабонаш торафт сарватмандтар мешаванд. Раҳмонов қариб сӣ сол аст, ки манфиати худро аз манфиати халқу кишвар болотар мегузорад.

 Раҳмонов барои итминон ҳосил кардан, ки курсии президентӣ вазифаи шахсӣ ва якумрии ӯст, аз пуштибонии Кремл бархурдор аст,  аммо барои ин ӯ бояд тамоми талаботи хоҷагонашро иҷро кунад, ки он аксар вақт бар зарари мардумаш аст.
 Маҳз ҳукмронии бесаводонаи раисиҷумҳури якумра- Раҳмонов буд, ки имрӯз Тоҷикистон аз ақибмондатарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад.
Аммо расонаҳо рӯзи 16- ноябр дар ин бора  наменависанду ҳарф намезананд.

Мо боз чанд соли дигар ин золимро, ки тамоми муқаддасоти мардуми моро фурӯхта, ба онҳо рӯз аз рӯз зулми бештар мекунад, тоқат мекунем?
Мо бояд тамоми талоши худро ба он равона кунем, ки президенти аслиро худамон интихоб кунем! Мо бояд  мафҳумҳои «Президент» ва Раҳмоновро аз ҳам ҷудо кунем. Раҳмонов ба унвони «Президент» лоиқ нест, зеро ҳукмронии ӯ ба демократия рабте надорад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза