11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Ғайр аз рақс чикор кард? Нигоҳе ба сафари Ӯзбекистон..

Мо одат кардаем, ки ҳар сафари Раҳмонов ба хориҷ аз кишвар, ягон мусибате ё як латмае ба миллати тоҷик ворид месозад. Ин дафъа низ, мутаассифона, ҳамин тавр шуд.

 

Раҳмонов дар вақти сафар ба Ӯзбекистон дар гуфтушунидҳои расмӣ бо президент – Шавкат Мирзиёев иброз дошт, ки тоҷикони Ӯзбекистон диаспора мебошанд. Ин гуфта вокунишҳои эътирозиро дар байни мардум, хоссатан дар байни тоҷикони Ӯзбекистон ба вуҷуд овард.

Чун диаспора гуфта, мардумеро мегӯянд, ки дар кишвари бегона зиндагӣ мекунанд, яъне онҳо дар он кишвар таҳҷоӣ нестанд, балки мардуми бегона буда, дар дигар кишвар сукунат доранд. Аммо тоҷикони Ӯзбекистон, ки инро ҳама медонад, мардуми асил ва бумии Ӯзбекистонанд. Аз ин сабаб, диаспора гуфтани онҳо, ин таҳқир бар онҳост. Яъне, Раҳмонов ба тоҷикони Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Фарғона ва ғайра гуфта истодааст, ки ҳамаи шумо мардуми омада ба Ӯзбекистон ҳастед, дар он ҷо таҳҷоӣ ва бумӣ нестед. Аз чеҳраҳои ҳайати Ӯзбекистон маълум буд, ки ҳатто онҳо аз ин изҳороти Раҳмонов, ки даъвои пешвоии миллати тоҷикро дорад, ангушти ҳайрат газиданд. Дар навбати худ, Шавкат Мирзиёев ин иддаъоро ғайри мустақим рад карда, тоҷикони Ӯзбекистонро мардуми аслии кишвараш номид. Ин тазод нест магар?

Акнун, суол ба миён меояд, ки оё ин изҳоротро Раҳмонов аз рӯи бесаводӣ ва бесаводии мушовиронаш кард? Ва ё ин изҳорот қасдан ва дониста карда шуд?

Агар ин аз рӯи бесаводӣ бошад, пас Раҳмонов бояд ин изҳоротро ҳар чи зудтар ислоҳ кунад ва расман узр хоҳӣ кунад ва беҳтар аст, он мушовирони чаласаводи худро аз кор холӣ кунад. Агар ин изҳорот аз нодонӣ шуда бошад, як бори дигар нишон медиҳад, ки на танҳо Раҳмонов, балки тамоми командаи ӯ саводи сиёсӣ надоранд, одамони тасодуфӣ мебошанд ва оддитарин мафҳумҳои сиёсиро намедонанд. Ин исбот мекунад, ки фошкориҳои диссернет ҳақиқат доранд. Он мушовирону зердастони унвондори Раҳмонов, аз қабили “академик” Абдуҷаббор Раҳмонов ва Асадулло Раҳмонов ҳамин қадар саводу дониш доранд. Унвонҳои академику номзади илмро бо ҳар роҳ соҳиб шуда, як истилоҳеро, ки онро аслан дар кишварҳои дуруст дар сатҳи талабаи мактаб медонанд, аз худ накардаанд. Шармандагӣ аз ин бештар мешавад? “Академики” дигари мо оғои Ятимов куҷо менигарад, ки одат дорад, обрӯи набудаи пешвояшро ҳифз намуда, ҳамеша дар бораи пешвои муаззамаш мақолаҳои тумтароқ менависад ва бузургии набудаи ӯро ба осмони ҳафтум бардорад? Ё ӯ низ, мафҳуми калимаи диаспораро намедонад, мисли вазири маориф Нуриддин Саидзода, як академики қалбакии дигаре, ки бо “латукӯбатсияи” худ Тоҷикистонро шармсори ҷаҳон карда буд?

Вале агар ин вожаро қасдан ва дониста гуфта бошад, пас инро хиёнат ба миллати тоҷик метавон унвон кард. Бале, ин хиёнат болои хиёнатҳои қаблии Раҳмонов ба миллати тоҷик изофа хоҳад шуд.

Тамоми бузургони халқи тоҷик, аз Айнӣ сар карда, то Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва даҳҳо тани дигар чӣ қадар заҳматҳо кашиданд, ки аз ҳуқуқи халқи тоҷик, аз ҷумла дар Ӯзбекистон дифоъ кунанд ва ба ҷаҳониён исбот кунанд, ки тоҷикон қадимтарин халқ дар Осиёи Миёна мебошанд.

Як чизи дигар дар ҷараёни сафари Раҳмонов ба Ӯзбекистон он буд, ки табиати ғуломии ҳайъати Тоҷикистонро нишон дод. Расонаҳои Ӯзбекистон ҳар ду президентро ба таври оддӣ бе ягон такаллуфу тамаллуқ ном мебурд, вале ҷониби Тоҷикистон ҳатман ба унвони Раҳмонов ҳамон ибораи “пешвои миллат”-ро зӯр зада мечаспонд. Аммо ҷониби Ӯзбекистон ин унвони Раҳмоновро ҳатто эътироф намекунад, умуман дар тамоми дунё ин унвони бемаънии Раҳмоновро то ба ҳол касе эътироф накардааст.

Зиёрати қабри падар ва дуъо хондан вазифаи фарзандии ҳар як инсон аст. Бинобарин, чизе дар ин маврид намегӯям ҷуз инки баъди бозгашти Раҳмонов, мақомоти Ӯзбекистон истифода бурдани номи Ислом Каримовро дар расонаҳои ин кишвар маън карданд. Вале суоли матраҳ инаст, ки агар ин корро як мухолиф анҷом медод чӣ мешуд? Масалан, оқои Раҳматулло Зоиров ба Ӯзбекистон сафар карда, қабри Ислом Каримовро зиёрат мекард. Бо кудом хиёнат ин бор ӯро тӯҳмат мекарданд? Аслан, сарнавишту ояндаи оқои Зоиров чӣ мешавад бо он туҳматҳои қаблии ҳукумати Тоҷикистон, ки ҷосусӣ Ӯзбекистон мебошад? Ҳаст касе дар ин масъала равшани андозад?
Ҷараёни сафарро хуб диққат карда бошед, дар ҷои дигар ғуломтабиатии командаи Раҳмонов боз бисёртар бармало шуд. Агар консертро тамошо карда бошед, Раҳмонов ба дасту қошҳояш ба зердастонаш ишора мекунад, ки фавран ба рақс бароянд. Ҳамин лаҳза буд, ки “академик” Абдуҷаббор Раҳмонов ва номзади илми диссернетӣ Асадулло Раҳмонов ба рақсу дастафшонию пойкӯбӣ медароянд ва чунон дар ин амал кӯшиш мекунанд, ки мабодо пешвояшон аз ин рақсашон норозӣ намонад. Дар ин лаҳза чеҳраи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳайаташ бисёр ҷолиб буд. Онҳо ҳайрон монданд, ки ба тамошои барномаи консерти расмӣ идома диҳанд ё рақси ин ду раққоси дарбории Раҳмоновро тамошо кунанд. Аз ин пештар дида мешуд, ки муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Машраб Раҳмонов дар толор бо ҷӯшу хурӯш ба рақс даромад. Эътибор додед, ҳамаи номбурдаҳо як фамилия доранд? Ҳайати Ӯзбекистон бечуну чаро яқин ҳосил кард, ки тамоми ҳукумати Тоҷикистон артисту раққоса мебошанд.

Агар ба мавзӯи консерт баргардем, бояд гуфт, ки Раҳмонов ин дафъа ҳам нишон дод, ки завқу диди маҳдуд ва шахсии худро аз назари мардум болотар мегузорад.

Мардуми Ӯзбекистон мунтазир буданд, ки дар консерти Тошканд (Шоми дӯстӣ) ҳунармандони маҳбуби Тоҷикистон ба монанди: Ҷӯрабек Муродов ва Далер Назаровро бубинанд. Вале ҳасудӣ ва рашки Раҳмонов нагузошт, ки онҳо иштирок кунанд. Агар дар ёд дошта бошед, айнан ҳамин маризиро диктатор Ислом Каримов дар замони худ дошт. Дар замони ӯ овозхонони машҳури Ӯзбекистон ба монанди Шералӣ Ҷӯраев ва Юлдуз Усмонова дар “рӯйхати сиёҳ” буданд. Вале ҳоло Шавкат Мирзиёев ин ҳама маҳдудиятҳоро аз байн бурд ва кӯшиш мекунад, ки талабу хоҳишҳои мардуми кишварашро ба инобат гирад. Маризие, ки то имрӯз дар ватани мо идома дорад..ҳамватанони мо боре суол мекарда бошанд, ки чаро сурудҳои Садриддин Наҷмиддин, Шабнами Сураё ва хоҳараш Фарзона, Ҷӯрабек Муродов ва фарзандаш Ҷонибек ё Сироҷиддин Фозилов дар телевизюнҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта намешаванд?

Дар консерт як “академики” дигар ба ном Абдуфаттоҳ Шарифзода гоҳ гоҳ айпеди машҳурашро бароварда, консертро ба навор мегирифт. Бечора ақлаш намегирад, ки консерт дар формати “Full HD” тавассути телевизион сабт шуда истодааст. Ба ҷои ин кори беҳуда беҳтар нест, ки ин “академик”, ки вазифаи роҳбари хадамоти матбуотии президентро дорад, машғули дуруст навиштани матнҳо бошад? Инҳо то ҳол таслиятро тасаллият менависанд!

Нуқтаи ҷолиби дигар дар сафар ин буд, ки Раҳмонов боз ҳамон изҳороти ғалатии худро такрор кард. Ӯ гуфт, ки Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёнаро бе об намегузорад. Оё Раҳмонов ин гуфтаи худро нағз мефаҳмида бошад? Масалан, агар ӯ хоҳад ба кишварҳои ҳамсоя об надиҳад, чигуна ин корро анҷом медода бошад? Ё яке аз мухотабон аз ҷояш бархезаду бигуяд, ки оби шумо ба мо лозим нест дар посух чи мегуфта бошад? Ӯ Тоҷикистонро ба об ғарқ кунонданӣ аст? Магар Раҳмонов ва ҳукуматаш метавонад пеши роҳи обро гиранд?

Ҳатто нирӯгоҳҳои барқии обӣ пеши роҳи обро гирифта наметавонанд. Нирӯгоҳҳо обро аз чархҳои худ барои истеҳсоли барқ мегузаронанд ва об маҷрои худро давом медиҳад. Барои об надодан ба дигарон бояд дар Тоҷикистон обанбори азиме сохт, ки тамоми Тоҷикистон дар он ғарқ хоҳад шуд. Ягон солимақле дар атрофи Раҳмонов вуҷуд дорад, ки ин ҳақиқатро ба ӯ гӯяд? Чанд моҳ пеш Раҳмонов ваъдаи додани обро ба Урдун карда буд. Шумо барномаи моро дар бораи ин сафар ба фикрам ёд доред. Ёд доред, чӣ хел депутатҳои шаҳри Аммон аз ин ваъдаи бемантиқу амалинашавандаи Раҳмонов бо масхара истиқбол карданд. Чанде пеш Раҳмонов тавассути бародарарусаш – Ҳасан Асадуллозода бо як ширкати Ҳонгконгӣ як шартнома оид ба оби Сарез мебандад. Акнун оби Сарезро ба Ӯзбекистон ваъда карда истодааст. Аҷабо!

Як намунаи дигари чаласаводии Раҳмонов ва командаашро мехоҳам ин ҷо қайд кунам. Раҳмонов ҳангоми ҳолпурсӣ бо Мирзиёев мегӯяд: “У узбеков есть такая хорошая пословица: “Сабр қилсанг ҳалводан ғӯра пишур”…

Раҳмонов ва командааш намедонанд, ки ин зарбулмасал дар асл тоҷикист, ки мегӯяд: “Гар сабр кунӣ, зи ғӯра ҳалво созӣ” (ё “…аз ғӯра ҳалво мепазад”). Тарҷумаи он ба забони узбакӣ чунин аст: “Сабр қилсанг ғӯрадан ҳалво пишур”. Мутаассифона, Раҳмонов ин зарбулмасалро ба таври чаппа мегӯяд, ки тарҷумааш мешавад: “Гар сабр кунӣ аз ҳалво ғӯра мепазад”.

Ва дар охир, сафари Раҳмонов ба Ӯзбекистон дар рӯзҳое гузашт, ки аъзои оилаи гуруснааш боз, нархунавои хизматрасониҳои давлатиро, ки онро ба манбаи пур кардани ҷайби худ ва оила мубаддал карданд, баланд намуданд. Якеаш, ки Бег Зуҳуров аст ва шояд дар ҷаҳон аз ӯ дида вазири бесаводтар набошад, нархи симкартаҳои телефониро ба 250 сомонӣ боло бурд. Аммо домоди дигари Раҳмонов Шамсулло Соҳибов, ҳамоне, ки барои ба даст овардани моликияти Умаралӣ Қувватов (р) ӯро кушт ва бизнеси Умед 88-ро ҳам ғасб кард, нархи справкаи оддии тиббиро ба 150 сомонӣ боло бурд. Занони тоҷик ба сабаби бепулӣ ҷои мардонро дар бозорҳои мардикорӣ гирифтанд. Ин ҳама дар кишваре ба вуқуъ меояд, ки маоши миёнаи аҳолиаш ҳудуди 1000 сомонӣ аст ва аксари мардумаш ҷои кор надоранд. Ҳоло маълум мешавад, ки чаро Раҳмонов бо қарори ғайриконститутсионии худ ба баҳонаи танзими расму оин ба тӯю маъракаҳои мардум дахолат мекунад. Далиле ҷуз ин нест, ки ӯ мехоҳад мардум пули ҳалоли худро бо хости худ ба тӯю маъракаҳои худ сарф накунанд, балки ба ӯ ва оилаи носераш сарф кунанд. Ин аст, фарқияти асосӣ миёни Раҳмонов ва Мирзиёев. Мирзиёев, чунон ки чанд рӯз пеш эълон кард, ки мехоҳад тамоми мардуми Ӯзбекистонро бой бубинад ва қомати онҳо рост бошад. Аммо Раҳмонов мехоҳад, ки мардумаш гадою ғулом бимонанд.

Ба ин корҳои хиёнатпешаи “пешвои миллат” пасвоёни ҳалқабаргӯшаш чизе гуфтанӣ дошта бошанд?

Нуриддин Ризоӣ

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза