7.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Эмомтурист ё чӣ тавр “Пешво” ба чашми миллат хок мепошад?

Пӯшида нест, ки ҳаҷми тиҷорат байни кишвари мо ва Урдун сифр аст, инчунин, ҳаҷми сармоягузории Тоҷикистон дар Урдун ва баръакс сифр мебошад. Ғайр аз ин, дар Душанбе сафорати Урдун нест ва дар Аммон сафорати Тоҷикистон ҳам нест. Илова бар ин, дар Урдун шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ ва кор намекунанд ва дар Тоҷикистон низ шаҳрвандони Урдун зиндагӣ ва кор намекунанд ва парвозҳои мустақим байни ин ду кишвар аслан вуҷуд надорад. Пас, оё дар чунин замина мантиқӣ аст, ки Раҳмонов ба чунин кишвар сафари расмӣ дошта бошад? Чаро онро сафари таърихӣ меноманд, дар ҳоле ки чунин сафар як сафари сайёҳие беш нест?

Фикр накунам, мардуми мо расми машҳури «Пешво»-и урёни худро дар соҳили баҳри Тайланд фаромуш карда бошанд. Ин асли сафарҳои Раҳмонов ба хориҷа аст , на чизи дигар!

Ҳарчӣ бошад, вале воқеан, шармовар мебошад, ки барои истиқболи президенти як кишвар дар фурудгоҳ раиси шаҳри Аммонро бифристанд ва маҷбуран то нисфирӯзи дар хиёбонҳо чарх занӣ, то даме ки подшоҳ вақт ёфта, наздаш даъватат кунад.

Дӯсте аз вазорати Молияи Тоҷикистон хабар дод, ки барои анҷоми чунин сафар тақрибан 100 ҳазор доллари америкоӣ ҷудо карда, сарф мешавад, ки ин баробари буҷети яксола ҷудошудаи як ноҳияи Тоҷикистон мебошад. Пас ҷаро Раҳмонов шабу рӯз аз тариқи дастгоҳи таблиғотиаш мардумро ба танзиму парҳез аз сарфакорӣ даъват мекунаду худаш пули мардумро ба чор тараф чошу пош мекунад? Дар ҳоле, ки тибқи охирин гузориши СММ тақрибан 2,5 миллион инсон дар Тоҷикистон хӯроки серӣ надоранд ва 30% аҳоли ранҷи гуруснагӣ мекашанд ва 50% аҳолӣ зери хатти фақр зиндагӣ доранд. Магар беҳтар нест, ин пулҳо барои ҳамин мардум сарф шаванд?

Ин аблаҳ 26 сол дар сари қудрат асту ҳоло ҳам ҳикмати давлатдориро ёд нагирифтааст. Дур намеравем, чаро аз ҳамсоягони худ ибрат намегирад? Бубинед, онҳо даст ба ягон сафари расмӣ ба кишварҳои хориҷӣ намезананд, магар инки натиҷаи он сафар қаблан мушаххасу пружаҳои чандинмиллион доллара суд надошта бошад! Масалан, Мирзиёев ҳар куҷое сафар мекунад, бо милярдҳо доллар пружаҳо бармегардад. Ҳама роҳбарон ҳамин корро мекунанд, ба ғайр аз Раҳмонов.

Роҳбарони дигар саъй мекунанд, ки сафарҳояшонро бо камтарин масраф анҷом диҳанд, мисоли он ба ҷои таёраҳои махсус бо мардум нишаста, аз хатсаирҳои умумӣ истифода мебаранд. Дигар роҳбарон кушиш мекунанд сафарҳояшон қадри имкон кӯтоҳ бошад, вале диктотури мо ин хел нест, дар ватан ҳазору як мушкилӣ ҳам бошад, ӯ парво надорад. Барои имзои ду се коғази ба ҳеҷ кас нодаркор чанд рӯзро бе малол дар як кишвар мегузаронад. Коғазҳое, ки ду танга ҳам ба Тоҷикистон ва мардуми мо фоида намеоранд.

Аз расонаҳо огоҳ шуда бошед, ҳамон рӯзе, ки Раҳмонов дар Урдун буд, оғои Путин дар як рӯз ба се кишвар: Сурия, Миср ва Туркия сафар карда, масъалаҳои глобалиро ҳал карда, баргашт! Раҳмонов чӣ кор кард? Дар Урдун се рӯз аз ҳисоби буҷети кишвар, яъне бо пули мову шумо гашту гузор карда, худашро чанд сурат гирифту баргашт.

Маъмулан, сафарҳои роҳбарони кишварҳо бо гузоришҳо ва натиҷаҳои он назди мардум анҷом меёбанд, оё Раҳмонов назди касе ҳисобот медиҳад?

Ҳеч сафаре бе ҳадаф намешавад, ҳаминаст, ки роҳбарони кишварҳои дигар дар фикри мубодилаи илму техника мебошанд, албатта, онҳое, ки қодиранд истеҳсол кунанд ба мисли худрав, компиютер, телефон ва ғайра…вале таъаҷубовараш инаст, ки Раҳмонов бо кадом ҳадаф мерафта бошад? Ба кишварҳои хориҷӣ чӣ мебарад? Чи чизҳоро ба намоиш мегузорад? Боз ҳамон сӯзану тоқиву харбузаву кулча? О бибиҳои мо бе ӯ ҳам, сад солаҳо боз тоқӣ медӯхтанду кӯлча мепӯхтанд.

Суоли дигар инаст, ки чаро Раҳмонов хеле боз як саре ба Аврупо намезанад ё инки сафари “Прага” барояш сабақи кофӣ буд? Ё нашавад, ки сафарҳои шарқ баҳонае барои пушиши сафарҳои ғарб бошанд!?

Аз ин сафари Урдун маълум мешавад, ки Раҳмонов ҷойҳои таърихии дигар кишварҳоро дӯст медорад ва чанде онҳоро ҳам зиёрат кард ва пай дар пай худашро ҳамчун як “модел” сурат мегирифт вале дар ватани худ (шакк дорам, ки тоҷикистонӣ бошад) биноҳои таърихиро нобуд месозад. Бубинед дар маркази Душанбе ҳамаи биноҳои зебои таърихиро мисли лашкари Чингизхон аз байн бурд! Ҳатто, ҷанозаи чойхонаи дар ҷаҳон машҳури “Роҳат”-ро ҳам, ӯ бе таҳорат хонд.

Ин аст асли давлатдории «Пешвои» Тоҷикон. Хокпошӣ ба чашми мардум!

Нуриддин Ризоӣ

(Аксҳо)

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза