20.1 C
Dushanbe
10.05.2024

“Чаҳорумин солгарди шаҳодати Умаралӣ Қувватов “

“Гурӯҳи 24” дар рӯзи 5-уми март ба муносибати чаҳорумин солгарди шаҳодати асосгузор ва роҳбари фақиди гурӯҳ – Умаралӣ Қувватов барномаеро ба шакли пахши зинда бо ровигии Беҳрузи Тағойзода баргузор кард, ки дар он меҳмонон ва тамошобинони зиёде ширкат ва суханронӣ карданд. Меҳмонон дар ин барнома перомуни ҳаёт ва фаолияти сиёсии собиқ роҳбари “Гурӯҳи 24” – Умаралӣ Қувватов ва аз хотироти худ бо ин марди шаҳид қисса карданд.

Яке аз меҳмонони барномаи “Чаҳорумин солгарди шаҳодати Умаралӣ Қувватов” – Сайидмуҳйиддин Дӯстмуҳаммадиён муассиси нашрияи “Нигоҳ” ва ожонсии иттилоотии “Тоҷнюс” буд. Ҷаноби Дӯстмуҳаммадиён аз шиносоӣ ва робитаи дӯстии худ бо шаҳид Умаралӣ Қувватов пеш аз ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани Қувватов ва атрофи бархурди ба қавле “равшанфикрон”-и кишвар бо Қувватов суханронӣ намуд.

Ҳафиз Бобоёров – доктори илмҳои фалсафа ва донишманди шинохтаи тоҷик низ дар ин барнома ҳузур ҳузур оварда, атрофи тағйироти дохилӣ дар “Гурӯҳи 24” сӯҳбат кард ва онро мусбат арзёбӣ намуд. Ҷаноби Бобоёров хостори шиносонидани бештар ва беҳтари гурӯҳ ба мардум шуд.

Яке аз дигар иштирокдорони барнома дӯсти Қувватов – ҷаноби Серенко буд. Серенко, ки Қувватовро аз наздик хеле хуб мешинохт, ӯро як шахси ҷасуру қаввиирода ном бурд ва гуфт, ки бидуни шак дар таърихи навини тоҷик номи худашро сабт кард.

Қумринисо Ҳафизова – ҳамсари шаҳиди марҳум – Умаралӣ Қувватов бо модари ҷавонмуборизон Эҳсон ва Вайсуддин Одинаевҳо низ аз меҳмонони барнома буданд. Ин ду муборизмодар аз ташкилкунандагони барнома изҳори сипос намуда, аз мардум хостанд, то ки канори ҷавонони мубориз бошанд.

Намояндаи ” Гурӯҳи 24″ дар кишварҳои ИДМ – Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор низ дар ин барнома иштирок карда, аз шиносоӣ бо Қувватов то таъсиси ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва оиди зиндагиномаи шаҳид Умаралӣ Қувватов суханронӣ намуд.

Яке аз дигар меҳмонони барнома – узви фаоли ” Гурӯҳи 24″ Акмал Астанаев атрофи чӣ гуна пайвастанаш ба гурӯҳ сӯҳбат карда, баён кард, ки дар гурӯҳ маҳалгароӣ ва қавмгароӣ мушоҳида карда намешавад.

Дар охир роҳбари кунунии “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар суханронӣ намуда зикр кард, ки Қувватов дар аввал мехост ҳаракатро сирфан аз элита бисозад, аммо вақте вориди майдон шуд, он нафарон омода набуданд бо усули Қувватов мубориза бибаранд, ва ҳамин буд, ки дар соли 2014 усули дигари муборизаро пеш гирифта, ҳаракату мардумро бо якдигар наздик сохт. Ва ин ҳаракат якумин шуда, дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон дар хориҷ, дар кишвархои Русия, Туркия ва кишвархои Аврупо тазоҳурот барпо намуд ва мардумро бо ин методи мубориза ошно кард. Ӯ ҳамчунин дар идомаи сӯҳбаташ аз хислатхои неки марҳум Қувватов ёдовар шуда, гуфт: Режим бо куштани Қувватов муртакиби иштибоҳи бузурге шуд.

Барномаи “Солгарди шаҳодати Умаралӣ Қувватов ” ҳамасола дар рӯзи шаҳодати ӯ аз ҷониби “Гурӯҳи 24” баргузор карда мешавад, ки дар ин рӯз дӯстон, ҳамватанон ва шогирдону роҳравони Қувватов аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Умаралӣ Қувватов 5- уми марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия аз тири қотили зархариди режими Раҳмонов ба шаҳодат расонида шуд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза