24.1 C
Dushanbe
13.05.2024

Чаро дар Тоҷикистон бо фаро расидани мавсими сардӣ неруи барқ қатъ мегардад?

 Тайи ду ҳафтаи ахир аз сокинони манотиқи мухталифи кишвар дар бораи қатъ гардидани нерӯи барқ хабарҳо мерасанд: дар ҷое тамоми рӯз барқро хомӯш мекунанд, дар ҷои дигар шабона барқ қатъ мешавад. Дар ҳамин ҳол, ширкати “Барқи тоҷик” бори дигар маълумот дар бораи ҷорӣ шудани лимити барқро рад кард. Ва боз сокинони кишвар бовар карданд, ки қатъи барқ ба таъмири хатҳои барқ  ва истгоҳҳои ёрирасон марбут аст.

Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард дар Тоҷикистон ба таври таъҷилӣ корҳои таъмиру нигоҳдории хатҳои барқ оғоз мешаванд. Зимнан, роҳбарияти «Барқи тоҷик» ҳеҷ гоҳ аз замони анҷоми корҳои таъмиру тармими хатҳои барқ ва дигар таҷҳизоти интиқоли неруи барқ хабар намедиҳад.

Соли гузашта низ тақрибан дар ҳамин шабу рӯз бисёре аз сокинони Тоҷикистон бе барқ монданд ва “Барқи тоҷик” боз ба гӯши мардум афсонаи ҳамасолаи корҳои таъмиру нигоҳдории хатҳои интиқоли барқро такрор карданд. Он замон, қатъ кардани нерӯи барқ 31 октябр, як рӯз пас аз савгандёдкунии Раҳмонов ва суханронии тантанавии ӯ, ки ба сокинони кишвар бори дигар фаровонии нерӯи барқ ва истиқлолияти энергетикиро ваъда дод, сар шуд. Инак, тақрибан 30 сол мешавад, ки Раҳмонов ин ваъдаҳоро медиҳад, аммо тоҷикон ҳамасола дар фасли сармо аз равшанӣ ва гармӣ маҳрум мешаванд. Ва дар камбуди неруи барқ ё шароити иқлим: сард омадани боду ҳаво, ё корҳои таъмиру тармим гунаҳкор дониста мешаванд. Аҳолӣ хашми худро ба роҳбарияти «Барқи тоҷик» равона мекунанд, ки гӯё онҳо муддати тулонӣ ба корҳои таъмиру тармим машғул шуда, илова бар ин барқро ба хориҷ мефурӯшанд.

Аммо барои дар чунин шароити асримиёнагӣ зиндагӣ кардани мардуми кишвар гунаҳкори асосӣ Рахмонов аст. Ӯ на танҳо масъули камбуди нерӯи барқ дар кишвар аст, балки маҳз худи ӯ дастур медиҳад, ки барқро ба аҳолии худ фурӯшанд ё кишварҳои ҳамсоя. Маҳз худи вай дар кишвар, дар сатҳи вазоратҳо низоми роҳбарии бехирадона ва ноӯҳдабароёна, низомеро ба вуҷуд овардааст, ки дар он ӯ айбро ба гардани дигарон бор карда, худаш ва хонаводааш оромона аз ҳисоби аҳолӣ сарват меандӯзанд. Бесалоҳиятии раҳбарон ва нодуруст тақсим кардан ва истифода бурда натавонистани захираҳо сабабҳои асосии қатъ гардидани неруи барқ ба аҳолии кишвар мебошанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи -24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза