9.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Фаври! Намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Русия озод шуданд

Ду намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Русия – Раҳматҷони Муҳаммад ва узви дигари ин ҳаракат- Шоббуддин Бадалов, ки ба ду дафъа 15 рӯзии ҳабс маҳкум шуда буданд, инак бо адои ҳукм, ба озодӣ баромаданд. Дар нишасти додгоҳии дуюм, додгоҳ намояндагони “Гурӯҳи 24”-ро ба нашри рамзҳои нозӣ (манзур акси Ҳитлер) муттаҳам карда буд. Нашри акс ва символҳои миллатгароёнаи марбут ба Ҳитлер ва ҳукумати диктотурии миллатгарояш дар аксари кишварҳо мамнӯъ буда, ҷазоҳои гуногун ба дунбол дорад. Бино бар қарори пешини додгоҳ дар робита ба пикети эътирозӣ, Раҳматҷони Муҳаммад ва Шоббуддин Бадалов ба 15 рӯзи ҳабс ва 15 ҳазорӣ рубли русӣ ҷарима шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони “Гурӯҳи 24”, иборат аз 10 нафар, рӯзи 24-уми июн дар Гузар (парад)-и низомӣ бахшида ба пирӯзӣ бар фошизми олмонӣ, ки дар шаҳри Маскав барпо шуда буд ва дар он роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Э. Раҳмонов ширкат доштанд, бар алайҳи ширкати диктатор Раҳмонов, пикети эътирозие анҷом доданд. Муътаризон аз “Гурӯҳи 24” дар даст овезаҳоеро бо акси Ҳитлер ва Раҳмонов бо шиорҳое чун: “Фарқ байни ин ду диктатор дар чист?, Ҳитлер инсонҳоро кушт ва Раҳмонов мардуми худро мекушад.”, доштанд. Бахше аз намояндагони “Гурӯҳи 24” варақаҳоеро бо шиорҳо ва маълумотҳои ба ин монанд, дар маркази Майдони сурхи Маскав ба роҳгузарон тақсим мекарданд. Дар рафти ин пикети эътирозӣ, намояндагони “Гурӯҳи 24” бо чанде аз кормандони амниятии тими Раҳмонов, ки худро ба ҳайси роҳгузар вонамуд мекарданд, вориди баҳси лафзӣ шуда буданд ва ин боиси боздошти онҳо шуда буд.
30 рӯзи ҳабс пушти сар шуд, вале ҷасорат ва озодихоҳии ин муборизон дар муқобили як диктатори қотил таърихсоз шуд. Ва торих чунин мардони озодихоҳ ва далерро ҳаргиз ба фаромӯшӣ нахоҳад гузошт.
Бояд гуфт, ки “Гурӯҳи 24” барномае бо номи “Истиқболи гарм”-ро роҳандозӣ кардааст ва ҳар куҷое Раҳмонов сафар кунад, агар камтарин фурсат рӯи даст бошад, ҳатман ӯро “гарм” истиқбол хоҳем гирифт. Пештар аз ин, намояндаҳои “Гурӯҳи 24” Раҳмоновро дар кишварҳои Фаронса, Суис, Чех ва худи Русия бо чунин тарз “истиқбол” гирифта буданд ва ҳатто дар Фаронса бо занозанӣ миёни муҳофизони Раҳмонов ва аъзоёни “Гурӯҳи 24” печида буд.
Раёсати “Гурӯҳи 24” ин ду намояндаи далери худро ба муносибати озодияшон табрик намуда, барои ҷасорат ва талошҳояшон дар ростои пиёдагардонии адолат ва мубориза бар алайҳи диктатори ситамгар – Раҳмонов , сипосгузорӣ ва қадр мекунад.
Озодӣ муборак, муборизони далер!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза