23.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Баёнияи “Гурӯҳи 24” нисбати қазияи боздошти роҳбарони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов дар Туркия

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз президенти ҷумҳурии Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дархост менамояд, ки нисбати парвандаи Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов таваҷҷӯҳи ҷиддӣ нишон дода, онҳоро озод намуда барои амнияти минбаъдаи эшон чораҳои лозимаро дареғ надорад. Беш аз як моҳ мешавад, ки ин ду фаъоли сиёсӣ бо туҳматҳои бофта ва аз ҳақиқат дури режими худкомаи Раҳмонов дар боздоштгоҳи Истанбул қарор дошта, парвандаи эшон дар ҳоли омӯзиш қарор дорад.

Мо итмеънони комил дорем, ки шохаи судии Туркия ангезаҳои сиёсии ин парвандаро дарк намуда, дурӯғҳои сохтаи онро кашф карда, ҳукми мунсифона содир мекунад ва ин фаъолони сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод намекунад. Режими Раҳмонов солҳост барои нобудии мухолифини сиёсӣ тамоми талоши худро сарф менамояд, ва баҳри амалӣ сохтани ин барномаи худ аз тамоми василаҳо истифода мебарад. Зери баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мухолифони сиёсии худро саркуб намуда, фаолияти онҳоро дар дохили кишвар боз дошт ва аксари роҳбарон ва аъзои онро қисман зиндонӣ ва қисми дигарро зери фишору таъқиботи пай дар пай, мунҷар ба тарки кишвар намуд. Фаъолияти сиёсӣ, озодии баён, дигарандешонро дар дохили кишвар комилан аз байн бурда, думболи мухолифини худ дар берун аз кишвар мебошад. Борҳо талоши бозпас гардондани асосгузори “Гурӯҳи 24 ” – марҳум Умаралӣ Қувватов ва шарикони ӯро кард вале ба ҳеҷ рӯ муваффақ нашуд. Кишварҳои демократӣ, адолатпарвар, инсонмеҳвар, ҳақиқати ин режими худкома ва ситамгар будани Раҳмоновро пай бурда, фаъолони сиёсиро борҳо аз боздоштгоҳ озод карда, ба Тоҷикистон таҳвил надодаанд. Пас аз ин ҳама нокомиҳо, ҳукумати Раҳмонов барномаи сӯиқасд ба ҷони мухолифинро тарҳрезӣ кард, ки мисоли зиндаи он, террори Умаралӣ Қувватов бо бераҳмтарин шева, назди чашмони зану фарзандони маъсумаш буд.

Қазияи Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов далили ин гуфтаҳо буда, идомаи ҳамон силсила макрҳои режими диктотурии Раҳмонов мебошад, ки имрӯз аз ҳукумати Туркия кушиши истирдоди онҳоро дорад. Мо нигарони ҳаёти Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов мебошем, чун дар сурати адами истирдод, сенарияи қатли асосгузори ҳаракат такрор хоҳад шуд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳукумати Раҳмоновро пушти ин парванда шумурда, ҳар таҳдиде болои ҳаёти ин фаъолони сиёсӣ пеш омадаро бар дӯши режими Раҳмонов вомегузорад. Ҳукумати Тоҷикистон ва шахси Раҳмонов роҳ ба сӯи худкомагиро дар пеш гирифта, тамоми қавонини байналмиллалӣ, марзҳои ахлоқию инсонӣ, муқаддасоти диниро, ки ҳар як кишвари демократӣ ба он эҳтиром қойил аст, поймол намудааст. Сабаби ин ҳама ҳангомаҳову саркубиҳо, пушонидани ҷиноёти худ мебошад. Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” бо боварии комил гуфта метавонад, ки дар сурати истирдоди роҳбари ҳаракат ва намояндаи он, эшон бо ҳабси тӯлонӣ ва шиканҷаҳои ғайри инсонӣ рӯ ба рӯ шуда, хатари аз байн бурданашон ҳам вуҷуд дорад. Ҳамон тавре, ки Мақсуд Иброҳимов, Умедҷон Солеҳов, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Сайдумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигар озодандешон бо чунин ҳукмҳои бераҳмонаи додгоҳ пушти дарҳои баста ва шиканҷаҳои бераҳмона гирифтор шуданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба тамоми кишварҳои демократӣ, созмонҳои ҳуқӯқӣ ва фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан, ба мақомоти Туркия барои кӯмакҳо ва пуштибониҳои гузошта нисбати мардуми мазлуми Тоҷикистон, изҳори сипос намуда, ва дархост менамояд, то барои ҳалли мунсифонаи ин парванда кумаки худро дареғ надоранд. “Гурӯҳи 24” барои раҳоии роҳбари ҳаракат ва намояндаи он саъю кушишро идома хоҳад дод. Пирӯзии мо дар ин парванда, боз ҳам пирӯзии адолат бар зулм аст.

Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24”

Бонн, Олмон

22.04.2018

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза