11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Туркия Насимҷон Шарифовро озод кард

Дирӯз (29.05.2018), мақомоти Туркия намояндаи “Гурӯҳи 24” дар ин кишвар – Насимҷон Шарифовро баъд аз 70 рӯзи таҳқиқот ва нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ озод намуданд. Қобили зикр аст, ки мақомоти Туркия Насимҷон Шарифов ва роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафарро рӯзи 19-уми марти имсол бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дастгир карда буданд. Додгоҳи Қонуни асосии Туркия рӯзи 21-уми март истирдоди онҳоро ба Тоҷикистон барои се моҳ мутаваққиф карда буд. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои барқарорсозии адолат, миннатдории худро ба ҳукумати Туркия ва инчунин, ба созмонҳои байналмиллалӣ ва тамоми касоне, ки дар раҳоии Насимҷон Шарифов саҳме доштанд, мерасонад. Умедворем, ки ба зудӣ Суҳроб Зафар – роҳбари “Гурӯҳи 24” низ озод шавад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза