15.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Табрикоти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба муносибати фарорасии Иди Қурбон

 

Табрикоти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба муносибати фарорасии Иди Қурбон

Иди Қурбон омаду боз о, ки қурбонат шавам,
Ҳамчу Исмоил ба фармони Худо ромат шавам.
Ҳоҷиён андар диёри Қаъба гаштанд меҳмон,
Мизбони ман биё то ман, ки меҳмонат шавам.

Ҳар сол дар таърихи 10 зулҳиҷҷа Иди саиди Қурбон, ки яке аз идҳои бузурги мусалмонон аст, ҷашн гирифта мешавад ва дар ин рӯз буд, ки Худованди мутаол ба ҳазрати Иброҳим фармон дод, то фарзандашро қурбонӣ кунад.

Иди саиди Қурбон иди сарсупурдагӣ ба даргоҳи Худо, рӯзи раҳоӣ аз ҳар чизе ғайр аз Худо мебошад.

Дар рӯзи Иди саиди Қурбон дар саросари ҷаҳон маросими қурбонӣ кардан аз аъмоли воҷиби он мебошад. Дар ин рӯзи бузург ҳоҷиён Исмоили вуҷуди худро дар пешгоҳи Худои бузург қурбонӣ карда, то раҳи тӯшаи бузурге барои охирати худ рақам зада ва раҳоӣ меёбанд.

Мусалмонон бо қурбонӣ кардани гӯсфанд, шутур ва гове гушти онро байни ниёзмандон тақсим мекунанд. Ҳикмати ин амал он аст, ки мусалмон бояд муттакову ғамхори бародару хоҳари мусалмони худ бошад.

Ҳаммеҳанони гиромӣ!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо иғтином аз фурсати муносиб мусалмонони Тоҷикистон ва тамоми оламро бо ҳулули хуҷастаи Иди саиди Қурбон табрику муборакбод намуда, орзӯи онро дорад, ки мардуми олам, хусусан мусалмонон дар фазои озод ва ором зиндагӣ ба сар баранд ва рӯзе фаро расад, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар як ҷомеаи озоду обод ва ҳуқуқбунёду мардумсолорӣ зиндагии мураффаҳ ва созанда дошта бошанд. Ва ҳамчунин дуогӯи оне ҳаст, ки мардуми мазлуми Тоҷикистон аз дасти ҷобирону золимони замони худ халосӣ ёбанду дар як фазои озод дар Тоҷикистон ин идро бо хонаводаи худ ҷашн гиранд.

Иди саиди Қурбон муборак бошад!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза