9.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Режими худкомаи Раҳмонов ва мушкилоти артиши Тоҷикистон

Режими худкомаи Раҳмонов ва мушкилоти артиши Тоҷикистон.

Режими диктатории Раҳмонов дар зарфи 30 соли зимомдории ноӯҳдабароёнаи худ на танҳо натавонист мушкилоти иҷтимоӣ ва  иқтисодии кишварро ҳал кунад,  балки аз ӯҳдаи таъсиси як артиши қавӣ ва замонавӣ ҳам набаромад.

Тибқи маълумоти пойгоҳи таҳлилии Global Firepower Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар байни 145 кишвари ҷаҳон аз мақоми 99 дар соли 2021 ба мақоми 120 дар соли 2022 поён рафт.  Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна бошад,  заъифтарин артиш дар соли гузашта Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дониста шуд.    Соли 2022 гузоришгарон ҳайати низомии кишварро 16 ҳазор арзёбӣ карда,  маблағгузорӣ ба артишро  дар Тоҷикистон солона 94 миллион доллар муайян карданд.  Дар сурате, ки дар ҳамин сол ҳайати низомии артиши Қирғизистон ҳудуди 21 ҳазор нафар ва харҷи солонааш 116 миллион долларро ташкил дод.

Сабаби аслӣ ва калидии дар чунин сатҳ қарор доштани Артиш аввал кам будани маблағгузорӣ ва баъдан фасод дар ин соҳа  (ба мисли тамоми дигар соҳаҳо)  ва хешутаборбозӣ дар интихоби роҳбарони ин сохтор аст.  Сатҳи пасти маоши  афсарон ва соҳибмансабони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон боиси дуздӣ ва талаву тороҷ гардидани маблағи бисёр ночизи  ихтисосдодашуда мегардад.  Дар натиҷа сарбоз оё бо шиками нимгурусна ва либосу пойафзоли  фарсуда  метавонад хидмати содиқонаи ҳарбиро иҷро кунад?

Масъалаи дигари доғе,  ки ҳар вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси вокуниши мардум мешавад,  масъалаи маҷбуран ба артиш бурдани ҷавонони саркаш, ё ” облава ” мебошад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 15-16 ҳазор нафар ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.  Вале бисёре аз ҷавонон аз хидмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ саркашӣ мекунанд. Зеро онҳо шароити бади маишат ва будубош дар  артиш, ва падидаи ” падарсолорӣ ” ё ” дедовщина “- ро , ки аз артиши шӯравӣ мерос мондааст, хуб медонанд.  Ҷавони ба артиш даъватшуда бовар надорад,  ки аз хидмати аскарӣ сиҳату саломат ба хона бармегардад,  ё не.  Ҳамасола дар артиш чандин ҷавонон аз дасти ” дедовщина ” кушта ва ё маҷрӯҳ мегарданд.

Вақте ҷавонон аз хидмат дар чунин артиш саркашӣ мекунанд,  онҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар кӯчаву бозор ва хонаҳояшон ба таври ваҳшиёна мисли он,  ки ҷинояткореро боздошт мекунанд,  ба хидмат мебаранд, ки ин бар хилофи қонун аст.  Вале масъулини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳодисаи ” облава “- ро ҳамеша инкор мекунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои сарпечӣ аз хидмати аскарӣ метавонанд ҷавононро равонаи зиндон кунанд. Чанде пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавонеро барои саркашӣ кардан аз хидмати аскарӣ аз озодӣ маҳрум карданд.

Бори аввал нест, ки мақомот эълом мекунанд,  ки нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 100% иҷро шуд.  Вале мо боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди наворҳое мегардем, ки чи гуна кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷавононро боздошт карда, ба тариқи хушунатбор ӯро маҷбуран ба мошин савор карда, ба хидмати аскарӣ мебаранд, ки ин хилофи қонун аст.

Соли 2022 дар Тоҷикистон қонун ҷорӣ гардид,  ки онҳое,  ки намехоҳанд  ба хидмати ҳарбӣ раванд, бар ивази он ба давлат маблағ пардохт кунанд.  Миқдори ин маблағ тибқи қонунгузорӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст,  ки он дар соли равон 28 560 сомониро ташкил дод. Оё
хонаводаҳои камбизоат, ки қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд,  ин маблағро пардохт карда метавонанд? Албатта не!
Ин қонун боз ба манфиати ашхоси сарватманд ва ҳукуматдорон аст.

Буҳрони артиш  бахше аз буҳрони иқтисодӣ,  сиёсӣ, иҷтимоӣ,  илмиву фарҳангӣ мебошад ки имрӯз Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва онро ба таври алоҳида наметавон ислоҳ кард.  Барои ислоҳи он бояд низоми диктаторӣ,  худкома, фосид,  ҷинояткор ва хонаводагии Раҳмоновро тағйир дод.

Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи 24 “

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза