ТАБРИКОТИ ИДИ САИДИ ФИТР

 

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” фарорасии Иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик ва таҳният мегӯяд.

 

Иди саиди Фитр иди покӣ, сабр, бахшоиш, муҳаббат ва ҳамбастагист. Ин рӯзи муборак, ки пас аз як моҳи ибодат, парҳезгорӣ ва худсозӣ фаро мерасад, барои ҳар як мусулмон фурсати шукргузорӣ, некукорӣ ва таҳкими арзишҳои инсониву исломӣ мебошад.

 

Моҳи шарифи Рамазон ба мо дарс дод, ки сабр пеша кунем, ба дарди якдигар бирасем, ба мискинон ва ниёзмандон кумак намоем ва дар роҳи ҳаққу адолат устувор бошем. Иди Фитр бошад, таҷассумгари ҳамин рӯҳи пок, ваҳдат, меҳрубонӣ ва бародарист.

 

Дар ин рӯзи саид аз даргоҳи Худованди мутаол орзу менамоем, ки ибодату дуоҳо, рӯзаҳо ва тамоми аъмоли неки мардуми мусулмонро мавриди қабул қарор диҳад ва ба Тоҷикистони азизи мо сулҳ, озодӣ, адолат ва пешрафт насиб гардонад.

 

Ҳамчунин, орзумандем, ки ин иди муборак ба ҳар хонадони мусулмони руи олам файзу баракат, тандурустӣ, оромӣ ва хушбахтӣ биёрад. Бигзор, дар дилҳо нуру умед бештар гардад ва мардумамон бо рӯҳи ҳамдигарфаҳмӣ, инсоф ва ваҳдат ба сӯи фардои беҳтар қадам бигузоранд.

 

Бо истифода аз ин фурсат, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳамаи ҳамватанонро ба ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва талош барои ояндаи беҳтари кишвар даъват менамояд. Мо бар он боварем, ки миллате, ки бо имон, ирода ва ваҳдат зиндагӣ мекунад, ҳатман ба озодӣ ва саодат мерасад.

 

Иди саиди Фитр муборак бод!

 

Бо эҳтиром,

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза