9.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Озодиятон муборак!

Порлумони Тоҷикистон қарореро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он боястӣ 20 ҳазор зиндонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шаванд ва мо ҳам шоҳиди озодшавии аввалин гурӯҳҳои зиндониён аз зиндон шудем, ки тақрибан ҳудуди ҳазор нафар аз зиндон аллакай раҳоӣ ёфтанд ва ба истиқболи гарми наздиконашон пайвастанд.

Албатта, ин як амали нек аст ва ба бисёре аз хонаводаҳо хушҳолию фараҳ меорад. Новобаста ба паҳлӯҳо ва аҳдофи сиёсӣ аз ин ба ном “Афв”, “Гурӯҳи 24 ” ба тамоми зиндониҳои раҳошуда ва наздикону хонаводаҳои эшон нисбат ба ин раҳоӣ, муборакбодӣ намуда, ба соири дигар зиндониҳо раҳоӣ аз зиндонҳои золимонро хостор аст. Худо он рӯзе зуд бошад, ки ҳамаи онҳое, ки барои андеша ва дидгоҳҳои гуногун доштан ва бо бӯҳтону бидуни ҳеҷ ҷурме пушти панҷараи зиндон рафтаанд, озодӣ насибашон гардаду ба пайвандонашон бипайванданд ва хонаҳои эшон бо зану баччаҳою волидайнашон шодон гарданд.

Бешак, ки ҳозорҳо бегуноҳони дигар дар банди занҷирҳои зиндони ин диктотурҳо ранҷ мебаранд. Худо то раҳоияшон ба онҳо ва хонаводаҳояшон сабр ато фармояд ва дар баробари ин қадар ранҷу шиканҷаю озорҳои золимон аҷри фаровонашон рӯзӣ гардонад!

Бахши иттилоотии “”Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза