13.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Кишвари Олмон узви Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Билол Қурбоналиевро бо Тоҷикистон истирдод кард

Маркази истирдоди Вазорати муҳоҷирати Олмон дар шаҳри Ҳоф (Hоf) хабар дод, ки ин ниҳод узви Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Билол Қурбоналиевро, ки 4 октябри соли равон аз ҷониби пулиси шаҳри Зирндорфи Олмон барои риоя накардани қоидаи иқомат дар ин кишвар боздошт шуда буд,  ба Тоҷикистон истирдод кард.

Вакили дифои ӯ хабар дод,  ки Вазорати муҳоҷират 24 ноябри соли равон дар бораи ба Тоҷикистон истирдод шудани Билол Қурбоналиев қарор қабул кард ва худи ҳамон рӯз Маркази истирдоди ин ниҳод номбурдаро ба Тоҷикистон истирдод кард.  Ин қарор,- мегӯяд вакили дифоъ,   ба дасти ӯ 27 ноябр, яъне пас аз се рӯз расидааст.

Вакили дифоъ таъкид кард,  ки аз болои ин амали ғайриқонунии Вазорати муҳоҷират ба Суд шикоят мебарад, то Билол Қурбоналиевро ба кишвари Олмон баргардонанд ва тибқи қонунҳои ин кишвар ҷазо диҳанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Билол Қурбоналиев роҳи муборизаи худро ҳанӯз дар Русия шурӯъ карда буд ва баъдан дар баробари афзӯдани хатари боздошти мухолифони сиёсии Ҳукумати Раҳмонов дар Русия ба Укроин рафт.   Пас аз ҳамлаи Русия ба кишвари Укроин ба Олмон омад ва дархости паноҳандагӣ дод.  Аз соли 2023 узви Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” мебошад. Дар гирдиҳамооии назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба “ифтихор”- и сафари Раҳмонов ба ин кишвар иштирок карда буд.

Бояд гуфт,  ки Билол Қурбоналиев мебоист мутобиқи банди 24 Қонуни ин кишвар новобаста аз санади паноҳандагии  Укроин надоштан, дар сурати хатар доштани истирдодаш ба Тоҷикистон дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дарёфт кунад.  Вале аз сабаби бекор шудани банди 24 ин Қонун ва мақоми паноҳандагӣ надоштанаш дар Укроин  пулиси Олмон Билол Қурбоналиевро боздошт кард.

6-ноябри соли равон аз соати 11:00 то 13:00 дар шаҳри  Зирндорф (Zirndorf)- и кишвари Олмон дар робита ба қазияи узви Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Билол Қурбоналиев ва дифоъ аз ҳуқуқи ӯ ҳамоиш баргузор гардид.  Дар ин ҳамоиш аъзои Ҳаракати сиёсии  ” Гурӯҳи-24 ” ва тоҷикистониёни муқими кишвари Олмон иштирок карданд.

Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” масъаларо  пайгирӣ мекунад ва дар сурати пайдо шудани маълумоти нав хонандагонро аз қазия огоҳ хоҳад кард.

Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ”

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза