25.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Суханронии раҳбари “Гурӯҳи 24” дар робита бо қазияи Шобуддин Бадалов

    Шоми рӯзи 2 октябри соли равон раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар дар атрофи қазияи узви фаъоли гурӯҳ Шобуддин Бадалов суханронӣ кард. Сӯҳроб Зафар дар аввал таваҷҷӯҳи бинандагонро ба пешинаи ин масъала ҷалб намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки фаъоли сиёсӣ Шобуддин Бадалов 1 сентябри соли равон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Нижний Новгороди Русия рабуда шуд. Тибқи маълумоти ба мо расида Шобуддин Бадалов аллакай дар Тоҷикистон қарор дошт. Вале мақомоти Тоҷикистон ба кишвар истидрор шудани ӯро рад карданд Сипас, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба таври расмӣ ба мақомоти Русия муроҷиат намуд, то ба ҳодисаи бедарак шудани узви фаъоли ин созмони сиёсӣ равшанӣ андозад. Дар ҷавоб мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки ин кор салоҳияти Вазорати корҳои дохилии Русия аст ва бояд ба ин ниҳод муроҷиат намуд. Вале мутаассифона Вазорати корҳои дохилии Русия ба номаҳои расмии мо ҷавоб надод ва хомӯшӣ ихтиёр кард.
 
Ин рафтори нописандонаи ВКД Русия моро водор намуд, ки мутобиқи қонунгузории ин кишвар ва байналмиллалӣ амал карда, бо баргузории пикетҳои эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар дигар кишварҳо аз мақомоти Русия, махсусан Вазорати корҳои дохилии ин кишвар талаб намоем, ки моро аз асли ҳақиқати ин қазия огоҳ кунад. Ниҳоят пас аз баргузории якчанд пикетҳои эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар Олмон, Бритониё ва Литва аз ВКД Русия ба мо мактуби расмӣ омад. Дар ин мактуб гуфта мешавад, ки узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт нашудааст ва ӯ 1 сентябри соли равон аз тариқи фурӯдгоҳи Демодедоваи Маскав ба Душанбе парвоз кард.
 
Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар сипас навори Шобуддин Бадаловро, ки якчанд рӯз пештар аз боздошти ӯ сабт шудааст, ба бинандагон пешниҳод кард. Дар ин навор Шобуддин Бадалов мегӯяд, ки чанд рӯз пеш ба ӯ кормандони мақомоти амнияти Русия занг зада, ҳангоми мулоқот ба ӯ бо таҳдид мегӯянд, ки мавсуф дар кофтуков қарор дорад ва агар бо онҳо ҳамкорӣ накунад, ӯро ба Тоҷикистон истидрор хоҳанд кард. Шобуддин Бадалов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ дар Русия санади паноҳандагӣ дорад. Онҳо изҳор медоранд, ки ин санадро ба осонӣ метавон бекор кард ва ба ӯ муҳлат медиҳанд, то ба пешниҳоди ҳамкорӣ ҷавоб гӯяд.
Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” таъкид намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Русия то ба ҳол воқеъиятро аз мо пинҳон медоранд. Агар Шобуддин Бадалов ба Тоҷикистон рафта бошад, пас бояд ВКД Русия ба мо шарҳ диҳад, ки: билети ӯро кӣ, кай, аз кадом касса, бо пули нақд ё корти бонкӣ ва маблағи кӣ харидорӣ кард? Баъдан аксу навори ӯро дар фурӯдгоҳ ба мо пешниҳод намояд, ки ҳамроҳи кӣ ва дар чӣ вазъияте ба ҳавопаймо нишаст ва ба Тоҷикистон рафт? Зеро Шобуддин Бадалов ҳеҷ гоҳ нияти ба таври ихтиёрӣ ба Тоҷикистон рафтанро надошт.
 
Бо назардошти ин Сӯҳроб Зафар хулоса намуд, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин қазияро то ба охир пайгирӣ хоҳад кард ва барои то ба охир равшан гардидани ҷузъиёти ин ҳодиса, бо истифода аз ҳар гуна роҳу восита, аз ҷумла бо баргузории пикетҳои эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар кишварҳои олам аз ВКД Русия талаб менамояд, ки асли ҳақиқати рабуда шудани фаъоли сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадаловро ошкор кунад ва содиркунандагони ин ҷиноятро ба ҷавобгарӣ кашад, то дар оянда аз такрор шудани чунин ҷиноятҳо ҷилавгирӣ шавад.
 
Масъалаи дар оянда дар қаламрави Русия боқӣ мондан ё намондани намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз бархӯрди мақомоти ин кишвар ба қазияи Шобуддин Бадалов ва то кадом ҳад одилона ва воқеъбинона баррасӣ шудани он вобаста аст.
 
Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”
 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза