14.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Рӯйдодҳои хунини Бадахшон. “Шикор”- и фаолони  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодандешон

Рӯйдодҳои хунини Бадахшон.

“Шикор”- и фаолони  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодандешон.

Мақомот ҳамзамон бо нақшаи саркӯби мардуми Бадахшон тарҳи боздошти чанд тан аз фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ашхоси бонуфузи Бадахшонро, ки барои дифоъ аз адолат садои худро баланд мекарданд, низ кашида буд ва дар пайи амалӣ намудани он шуд.

18 май рӯзноманигор ва узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Улфатхонум Мамадшоева ва шавҳари собиқаш, генерали мустаъфии Кумитаи амнияти миллӣ Холбаш Холбашов боздошт шуданд.

Улфатхонум Мамадшоева ва Холбаш Холбашов дар баёноти видеоии худ, ки зери фишори рӯҳию ҷисмонӣ сабт шуданаш маълум буд, гуфтанд, ки дар ташкили тазоҳурот дар Бадахшон даст доранд.
Додгоҳ дар асоси парвандаи сохта Улфатхоним Мамадшоеваро ба 21 соли зиндон ва Холбаш Холбашовро ба ҳукми абад маҳкум кард.

Дар робита бо рӯйдодҳои хунини Бадахшон:

1. Фаромӯз Иргашев, мудофеи ҳуқуқ, раҳбари “Комиссияи 44” боздошт ва ба 29 сол равонаи зиндон;

2. Музаффар Муборакшоев, фаоли ҳуқуқ, узви “Комиссияи 44” боздошт ва ба 18 сол;

3. Манучеҳр Холиқназаров, роҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, узви “Комиссияи 44” боздошт ва ба 15 сол;

4. Хурсанд Мамадшоев, бародари Улфатхоним Мамадшоева, узви “Комиссияи 44” боздошт ва ба 18 сол;

5. Хушрӯз Ҷумъаев, фаоли ҳуқуқ ва блогнавис боздошт ва ба 8 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Мақомот ҳамчунин  Муҳаммади Султон (Муҳаммадсултон Мавлоназаров), рӯзноманигор ва маъмури собиқи амниятро, ки дар саҳифааш дар Фейсбук ҳодисаҳои хунини Бадахшонро маҳкум карда буд, боздошт ва ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар натиҷаи саркӯби ваҳшатнок ва таъқиб аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон пас аз ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 як қисм ҷавонони озодандеши Бадахшон бо мақсади паноҳ овардан аз дасти муздурони режими худкомаи Раҳмонов рӯ ба Русия оварданд. Онҳо бар он назар буданд, ки акнун дар амн ҳастанд. Вале мақомоти зархариди Русия бо дархости мақомоти қудратии Тоҷикистон бисёре аз онҳоро боздошт намуда, ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурд. Блогер ва ризокор (волонтер)-и зодаи Хоруғ, Комёр Мирзоев, бегоҳи 5-уми сентябри соли 2022 дар Маскав дастгир ва баъдан  ба Тоҷикистон истирдод шуд. Бародарон Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, ки бо фаолияти интиқодияшон бар зидди беқонуниҳои мақомоти Тоҷикистон маъруфанд, моҳи июл дар Русия нопадид ва дертар дар Тоҷикистон аз худ дарак доданд. Онҳо дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, гуфтанд, ихтиёрӣ баргаштанд, аммо наздиконашон мегӯянд, саҳнасозӣ аст. Мақсуд Ғиёсов фаоли маданӣ ва блогери муқими Бадахшон, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, рӯзи 17 август дар хонааш боздошт шуд. Мамадбек Атобеков бошад, фаоли маданӣ аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон, рӯзи 1-уми сентябр дар хонааш дар Маскав дастгир шуд.

Ҳамаи ашхоси номбаршуда ва боз даҳҳо ҷавонони фаол ва озодандеши бадахшонӣ бо парвандаҳои сохта аз озодӣ маҳрум шуданд.

Режими тарсу ва ваҳшатзада ҳар касеро, ки бо тазоҳуроти мусолиматомези мардуми Бадахшон робита дошт, аз ҷумла тамоми аъзои “Комиссияи 44” ва беш аз 70 нафар ширкаткунандагони тазоҳуроти Рӯшонро боздошт ва равонаи зиндон карданд. Аз сабаби сохтаву тақаллубӣ будани парвандаҳо ва ноодилона будани ҳукмҳо тамоми муҳокимаҳо дар паси дарҳои баста баргузор шуданд.

Режими худкомаи Раҳмонов бо ин амали худ даст ба ҷинояти навбатӣ зад ва собит сохт, ки он ҳокимияти мардумӣ набуда, ҳокимияти як гурӯҳи ҷинояткор ва ғосиб мебошад. Ӯ дарк намекунад, ки теша ба решаи дарахти пӯсидаи ҳокимияти ноустувори худ мезанад, зеро пояи зулм бақо надорад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза