27.1 C
Dushanbe
06.05.2024

Раҳмонов ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки : “Ба сиёсат дахолат накунед!”

 Охири моҳи сентябр Раҳмонов бо як сафари корӣ ба водии Рашт сафар кард, ки  ҷузъиёти ин сафар дар расонаҳои давлатӣ ба таври васеъ инъикос ёфт. Кас аз тамошои ин афсонаҳо чунин тасаввурот пайдо мекунад, ки Тоҷикистон  биҳишти рӯи замин  ва Раҳмонов сарвари меҳрубон ва  ғамхортарини олам аст. Дар ин наворҳо  заминҳои ҳосилхез, ҳосили картошка ва сокинони маҳаллиро бо либоси миллӣ нишон медиҳанд, ки  ба шарафи меҳмони олиқадр мерақсанд ва ӯро бо нону намак ва маҳсулоти қаннодӣ пешвоз мегиранд. Ва бо нишон додани ҳосили  картошкае, ки сад -дусад сол боз кишт мекунем ва намоиши нону қаннодӣ ҳама дастовардҳои кишвар ба поён мерасанд.

 Раҳмонов дар ноҳияи Лахш чанд бинои наверо ифтитоҳ намуда, барои тамоми ноҳия танҳо як Дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ овард ва  қаноатмандона дар назди сокинони ноҳия  суханронӣ кард. Вай таваҷҷӯҳи шаҳрвандонро чун ҳамеша  ба он ҷалб кард, ки мардуми Тоҷикистон барои зиндагии хушбахтона ҳама чиз:  ба мисли  замини ҳосилхез, об ва инчунин озодӣ ва  тамоми имкониятҳоро доранд. Ҳеҷ кас ба онҳо барои ба масҷид рафтану намоз гузоштан ва тоату ибодат кардан монеъ намешавад. Дар ҳамин ҷо лаҳни ӯ тағйир меёбад ва  оҳанги таҳдидро мегирад. Раҳмонов ошкоро ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки: “… ба сиёсат ва кори давлат дахолат накунед! Дар акси ҳол,  дар назди қонун ҷавоб хоҳед дод! “

 Ин суханон чунин маънӣ  дорад, ки сиёсат танҳо салоҳияти ӯст, сарнавишти давлат ва наслҳои оянда на дар дасти мардум, балки танҳо дар дасти Раҳмонов  аст ва ҳама гуна гуногунандешон  ва мухолифон  ҷазои сахт хоҳанд гирифт.

 Маълум мешавад, ки шаҳрвандони кишвар бояд галаи хомӯш бошанд. Онҳо аз ҳаққи озодии андеша, ҳаққи рушд,  ҳаққи доштани мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳама он чизе, ки   шахсиятро муайян мекунад, маҳрум мебошанд. Мардум  наметавонанд дар кишвари худ озодона зиндагӣ кунанд, эҷод намоянд. Шаҳрвандон дар тарси доимӣ ба сар мебаранд  ва аксарият аз эътирофи ин ҳама ҳам  ҳарос доранд.

 Агар мо ба таҳдидҳои Раҳмонов дода шавем ва хомӯшона тамошо кунем, ки вай чи гуна кишварро ғорат мекунад, фарҳанги моро аз байн мебарад, ифтихори миллӣ ва ҳуввияти моро нобуд месозад, Тоҷикистон ояндаи нек ва хушбахту дурахшон нахоҳад дошт.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза