18-уми июни 2026, дар шаҳри Гдански Лаҳистон (Полша) мулоқоти ҳайати Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо Президенти собиқи Лаҳистон ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Лех Валенса баргузор гардид.
Дар ин мулоқот, ки раҳбари “Гурӯҳи 24” Дилшод Шарипов ва сухангӯи ҳаракат Сайидалӣ Ашуров иштирок доштанд, ҷонибҳо рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазъи имрӯзаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат Лех Валенса, ки дар муқовимати осоишта алайҳи низоми коммунистӣ дар Лаҳистон нақши калидӣ бозидааст, аз таҷрибааш, аз ҷумла дар бораи рӯйдодҳои марбут ба фаолияти иттифоқи мустақили касабаи “Ҳамбастагӣ” (Solidarność), душвориҳое, ки ҷонибдорони ислоҳоти демократӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешуданд ва роҳҳое, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонист ба тағйироти таърихӣ ноил гардад, нақл кард.
Ҳамчунин ӯ назари худро дар мавриди раванди сиёсии имрӯза баён намуда, ба намояндагони «Гурӯҳи 24» як қатор тавсияҳоеро дод, ки бар таҷрибаи чандинсолаи фаолияти ҷамъиятӣ ва сиёсии ӯ асос ёфтанд.
Суханони таъсирбахши собиқ президенти Лаҳистон ба ҳайати “Гурӯҳи 24”, ки гуфт: “Агар ман ҷавон мебудам, дар паҳлӯи шумо мубориза иебурдам.” ва “Дастгирии ман ҳамеша бо шумост”, далолат аз он мекунад, ки мубориза барои озодӣ, шаъну шараф ва арзишҳои демократӣ марзи миллӣ надорад.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯ ва ҳамкориҳо дар самти рушди арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳор карданд.
Бояд гуфт, мулоқот бо яке аз маъруфтарин ходимони сиёсӣ ва иҷтимоии Лаҳистон, ки на танҳо шоҳиди рӯйдодҳои таърихӣ буд, балки худ низ ҷараёни таърихи кишварашро тағйир додааст, имконияти нодир барои дарёфти маслиҳатҳои арзишманд мебошад.
Лех Валенса дорандаи даҳҳо ҷоизаҳои байналмилаӣ мебошад. Аз умла соли 1983 ӯ барои муборизаи мусолиматомез ба хотири ҳимояи ҳуқуқи кормандон ва озодиҳои мардумсолорӣ бо Ҷоизаи сули Нобел cарфароз гардонида шуд,
Инчунин Аврупо Лех Валенсаро ба ҳайси яке аз нахустин дорандагони Ордени нави хизматҳои шоистаи Аврупо интихоб намуда, саҳми барҷастаи ӯро дар рушди демократияи аврупоӣ, озодӣ ва ҳамгироии Аврупо қадрдонӣ кард.

