13.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Манъи фаъолияти шабакаҳои иттилоотии  марбут  ба “Гурӯҳи-24 ”  аз тарсу ҳароси мақомоти Тоҷикистон далолат мекунад

Манъи фаъолияти шабакаҳои иттилоотии  марбут  ба “Гурӯҳи-24 ”  аз тарсу ҳароси мақомоти Тоҷикистон далолат мекунад.

Дирӯз, 25 июли соли 2023 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи фаъолияти шабакаи иттилоотии «ТОҶИКИСТОНИ НАВ 2» ҳукм баровард. Ин манбаи иттилоотӣ ба  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” тааллуқ дорад.

Маълум мешавад, ки ин тасмим 21 июни соли 2023 гирифта шудааст, вале Суди Олии Тоҷикистон дар ин бора танҳо рӯзи 25 июл хабар додааст.
Паёми расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр мекунем:

“Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2023 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”  ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Ҳамзамон фаъолияти тамоми сомонаву вебсайтҳои ташкилоти мазкур ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни он бо номҳои: Suhrob Zafar(Сухроб Зафар), Умар Боев, Абдулло Ҳикматов, Парвиз Раҳимзода, Parviz Ashurov(Парвиз Ашуров), Кундузхон Мамадалиева, Ховар Муродов, Курбонали Орипов, Сергей Булычёв, Немат Бегов, Grup-24, Қурбоналӣ Х. Қурбоналӣ, Фируз Мумин, Эмир Бахаддин, Изатулло Додобоев, Салмон Султонзода, Хикматулло Баходиров, Мансур Наимов, Хоҷа Абузар, Алихон Аюбхонович дар шабакаҳои иҷтимоии “Телеграмм”, “Фейсбук”, “Ютуб”, “Инстаграм” ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар қаламрави кишвар баста шуданд.

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

Ба ин қарори беасоси додгоҳ чӣ гуфтан мумкин аст?
Маълум аст, ки Раҳмонов тамоми манобеъи иттилоотии алтернативиро дар Тоҷикистон манъ мекунад, то  мардум аз  хабари ҳақиқӣ огоҳ нашавад.  Мардум аз дидгоҳи ӯ набояд ба сиёсат таваҷҷуҳ дошта, ба корҳои ҷамъиятӣ дахолат кунад. Мо, яъне халқ бояд чун «рамаи гусфанд» мустақилона фикр накунем, балки фақат роҳи бемаънии Рахмоновро пеш гирем, ки ин роҳ  моро танҳо ба харобй ва қашшоқй мебарад.

Мақомоти Тоҷикистон бо ин тасмим мехоҳад мардумро аз ҳар гуна ҳамкорӣ бо созмону ҳизб ва ҳаракатҳои мухолиф тарсонад.  Вале ин иқдом далели он аст,  ки баръакс фаъолияти Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” режими диктатории Раҳмонов ва низоми пӯсидаи онро ба тарсу ҳарос овардааст.

Кӯшиши навбатии Рахмонов барои манъи фаъолияти шабакаҳои иттилоотии марбут ба Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” танҳо як маънӣ дорад: мо дар роҳи рост қарор дорем !!!!

Сухани ҳақ ва иттилооти воқеъие, , ки мо мегӯем, ба гӯши мардуми оддӣ мерасад ва дар дили мардум танинандоз мегардад ва маҳз ҳамин чиз сабаби манъ гардидани фаъолияти шабакаҳои иттилоотии мо гардидааст.

Посухи расмии мо ба Раҳмонов ин аст: моро тарсондан имкон надорад!

Мо дар бораи ҷиноёт ва аъмоли ваҳшиёнае, ки дар Тоҷикистон рӯй медиҳанд, хомӯш нахоҳем монд  ва роҳҳои расондани  ҳақиқати ҳоли режими худкома, тоталитарӣ ва хонаводагии Раҳмоновро ба гӯши оламиён хоҳем ёфт!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза